Шариф Комилзода: «Паёми имсола ҳуҷҷати муҳим ва фарогири дастовардҳои асосии миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад»

Декабрь 29, 2016 15:35

ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти унвони «Нақши фарҳанг дар инкишофи тафаккури миллӣ» (дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҷамъомад доир гардид.
Дар суҳбат директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода иброз дошт, ки Паёми имсола ҳуҷҷати муҳими стратегие мебошад, ки дар он дастовардҳои асосии миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
«Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар Паёми Пешвои миллат махсус таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили муассисаҳои истироҳатию тандурустӣ, сохтмони иншооти санаторӣ, базаҳои сайёҳӣ имкониятҳои калон дорад ва самаранок истифода бурдану инкишоф додани ҳамаи инҳо вазифаи асосии давлату ҳукумат ва соҳибкорон мебошад»,- зикр кард Шариф Комилзода ва илова намуд, ки «Паёми имсола ҳама самтҳои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мамлакатро таҳлил намуда, вазифаҳои навбатиро бо мақсади рушди ҳамаи соҳаҳои кишвар барои ноил шудан ба зиндагии шоиста муайян намуд».
Муовини директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов доир ба «Зарурат ва аҳамияти омӯзиши мероси фарҳангии миллати тоҷик» иброз дошт, ки Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои намояндагони тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ аҳамияти назариявӣ, амалӣ ва дастурӣ дошта, барои рушду тараққии кишвар аҳамияти хосса дорад.

Декабрь 29, 2016 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд