Шоҳмотбози норвегиягӣ Карлсен аз нав чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот гардид

Декабрь 1, 2016 09:24

Душанбе, 01.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳмотбози норвегиягӣ Магнус Карлсен аз нав чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот гардид. Ӯ ҳарифи худ Сергей Карякини русро дар бозӣ барои унвони чемпионӣ мағлуб кард. Дар ин бора агентии «Лента.ру» хабар додааст.
«Аз 11 то 28 ноябр дар 12 бозии байни ин шоҳмотбозон натиҷаи мусовӣ ба қайд гирифта шуд. Аммо аз 4 бозии рапид (25 дақиқаву 10 сония барои як гашт)  Магнус Карлсен дар дутоаш ғолиб омада, соҳиби унвони чемпионӣ ва маблағи 600 000 доллари амрикоӣ гардид»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ба ҳамин тартиб, Магнус Карлсени 26- сола  унвони чемпиониро, ки соли 2013 ба даст оварда буд, аз нав ҳимоя кард.

Декабрь 1, 2016 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд