Таъмини бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ-кафолати саломатӣ

Декабрь 14, 2016 09:05

ДУШАНБЕ, 14.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтум ва ҷамъбастии солонаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ Азим Иброҳим баргузор гардид.
Муовини Сарвазир аз роҳбарони сохторҳои масъултаъминкунандагони бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста ба ҷараёни иҷрои Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар нимсолаи дуюми соли 2016 пурсиш ба амал овард.
Таъкид гардид, ки новобаста аз тадбирҳои андешидашаванда дар миқёси ҷумҳурӣ 25 ҳодисаи заҳролудшавии шаҳрвандон вобаста ба маводи ғизоӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 86 нафар шаҳрвандон сироят ёфтаанд. Аз 25 ҳодисаи заҳролудшавӣ аз маҳсулоти хўроквории ба қайд гирифташуда, 19 ҳодисааш бемории ботулизм мебошад, ки дар натиҷа 49 нафар сироят ёфта, 6 нафарашон фавтидаанд. Аз шаш ҳодисаи токсикоинфексия 35 нафар сироят ёфта бошанд ҳам, хушбахтона, ҳодисаи фавт нест. Дар ҳама ҳолатҳо сабаби сар задани ҳодисаҳои заҳролудшавӣ- ин истеъмоли маҳсулоти консервашуда дар шароити хона мебошад. Ҳодисаҳои заҳролудшавӣ дар муассисаҳои хўроки умумии савдо ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти хўрокворӣ ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар соли равон аз тарафи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва сохторҳои зертобеи он маҳсулоти хўрокии ба талабот ҷавобгўй набуда, муҳлати истифодаашон гузашта ва шубҳанок ба миқдори 316959,5 кг аз муомилот гирифта шудаанд, ки маблағи он 5 207 281 сомониро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз ин 318 460 дона тухм, ки маблағи он 197322 сомониро ташкил медиҳад, аз муомилот гирифта шуд.
Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омўзишӣ бо соҳибкорон, аз ҷумла оид ба ҷорӣ намудани низомҳои бехатарӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Зеро мусоидат намудан ба бахши хусусӣ ҷиҳати ҳарчӣ зудтар гузаштани онҳо ба истеҳсолоти мутобиқ ба стандартҳои ХАССП (НАССР) ва (Global GAP) метавонад ба таври назаррас неруи содиротии кишваррро боло бардорад. Дар натиҷаи ҳамкории мақомоти ваколатдор ва ширкатҳои машваратӣ то имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба 37 корхона аз рўи низоми ХАССП сертификат дода шуда, дар онҳо низоми ИСО, менеҷменти сифат ҷорӣ карда шудааст.
Айни замон дар кишвар бо дастгирии шарикони рушд 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ ба маблағи умумии 217 млн. доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва муҳайё намудани шароит барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи «Дастгирии тақвияти сохтори миллии маълумоти амнияти озукаворӣ дар Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ ба маблағи 2,1млн. доллари ИМА ва лоиҳаи «Устувории бехатарии озуқа ба воситаи муаррифӣ намудани захираҳои кишоварзии маҳаллӣ дар минтақаҳои хушкзамини шимоли Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба маблағи 840 ҳазор доллари ИМА равона гардидааст.
Мутахассисони озмоишгоҳҳои ташхиси байторию санитарии бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 353 724 ташхиси маҳсулоти хўрокӣ гузаронданд. Дар натиҷа 89732 кг маҳсулоти гўштӣ, 3727 кг маҳсулоти ширӣ, 105700 кг меваю сабзавот, 30126 дона тухм, 330 кг равғани растанӣ, 31061 кг полезиҳо, 730 кг меваи хушк, 78 кг асал ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок аз фурўш боздошт ва безарар гардонида шуданд
Пажӯҳишгоҳи давлатии «Ғизо»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар самти баланд бардоштани дониши аҳолии ҷумҳурӣ оид ба бехатарии ғизо ва бемориҳои ғизоӣ зиёда аз 400 семинар, маърӯзаю вохўриҳоро бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ гузаронид.
Ба Вазорати кишоварзӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишонагузории ҳайвоноти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сармояи хориҷиро ҷалб намоянд. Маълумоти Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати ба мувофиқаи пешакӣ расидан бо сохторҳои дахлдори Нидерландия ва Полша оид ба сармоягузории ин масъала ба инобат гирифта шавад.
Дар ҷаласа дар баробари баррасии масъалаҳои рўзмарра, Нақшаи кори Шўро оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои нимсолаи якуми соли 2017 тасдиқ карда шуд.
Дар интиҳо муовини Сарвазир вобаста ба тақвият бахшидани корҳо, пурзӯр намудани назорат дар самти таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар соли 2017 ва таъмини саривақтии қарорҳои қабулшуда ба сохторҳои масъул дастуру супоришҳои мушахас дод.

Декабрь 14, 2016 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
Гумрукчиён дар вилояти Суғд қочоқи 2,7 тонна маводи дорувориро пешгирӣ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо ҷалби сармоя барои бунёди иншооти гидроэнергетикиро баррасӣ намуд