Татбиқи ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат ба пешрафти ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд мусоидат мекунад

Декабрь 27, 2016 10:49

hoshimzodaДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсиву ҳуқуқӣ рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро дар як давраи муайян ҷамъбаст намуда, пешбурди сиёсати мутавозини давлатиро бобати иҷрои барномаву стратегияҳои давлатӣ ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ муайян месозад.
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Даврон Ҳошимзода оид ба ҳадафҳои созандаи Паёми Пешвои миллат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён кард, ки Сарвари давлат дар ҳар Паёми худ бо диди тоза ва амиқи стратегӣ масъалаҳоеро матраҳ мекунанд, ки фарогири ҳалли роҳҳои пешрафту ташаккули давлат, бартараф кардани мушкилоту монеаҳо, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, амнияту бехатарии давлат, пешбурди сиёсати мутавозини хориҷӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа бо назардошти вазъи сиёсати ҷаҳонӣ буда, барои ҳалли онҳо чораҳои мушаххас пешбинӣ карда мешаванд.
Дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ дар мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст. Бо мақсади амалишавии ин арзиши конститутсионӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқии кишвар такмил дода шуда, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардидаанд.
Ҳамзамон ба хотири рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш дода шуд, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.
Бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти фаъолияти судҳо, такмили сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо дар замони соҳибистиқлолӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, дар як муддати кӯтоҳ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се барномаи ислоҳоти судӣ  ҳуқуқӣ  қабул карда шуданд. Дар асоси барномаҳои зикршуда маҷмӯи чорабиниҳо амалӣ карда шуданд, ки ба рушду такомул ва тақвият ёфтани ҳокимияти судӣ дар мамлакат, барррасии одилона ва саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо нақши арзанда гузоштанд.
Вобаста ба масъалаи таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ дар Паём зикр гардид, ки мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда дар самти таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ корҳои муайян амалӣ гардиданд. Дар ин раванд Шӯрои адлия барҳам дода шуд ва масъалаҳои вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардиданд.
Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти мазкур вазифадор гардиданд, ки ба масъалаи пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя диққати махсус зоҳир намуда, шахсияти онҳоро бо тартиби муқарраргардида омӯзанд ва ба вазифаи масъулиятноки судя ҳуқуқшиносонеро пешниҳод намоянд, ки дониши хуби назариявӣ ва таҷрибаи кофии касбӣ дошта, аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули давлатӣ муносиб бошанд.
Ҳамзамон ба масъалаи сари вақт иҷро нагардидани қарорҳои судӣ, ки аз он таъмини босифати адолати судӣ вобаста аст, изҳори нигаронӣ карда шуд. Зикр гардид, ки баъзан қарорҳои судӣ дар муҳлатҳои зиёд ба иҷро расонида намешаванд.
Бинобар ин, Вазорати адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералӣ вазифадор шуданд, ки бо назардошти таҷрибаи пешқадам механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ ва чораҳоро ҷиҳати таъмини фаъолияти иҷрочиёни суд таҳия ва пешниҳод намоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд.
Аз ҷумла, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад.
Зимнан бар роҳ мондани омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур барои такмили донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ба воя расонидани насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ, ҳамчунин аз синни наврасӣ бархӯрдор будани шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худ мусоидат мекунад.
Дар шароити пуртазоди даврони муосир, ки  раванди ҷаҳонишавӣ босуръат пеш меравад, сарчашмаҳои хатари тоза, аз қабили терроризму экстремизми динӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои алоҳидаро нигарон кардааст. Имрӯз дар ҷомеа шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷинояткор пайдо шудаанд, ки шаҳрвандон, хусусан ҷавононро бо ваъда додани маблағҳои калони пулӣ гумроҳ намуда, онҳоро ба гурӯҳҳои радикалӣ ва террористию экстремистӣ ҷалб месозанд, ба содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин равона менамоянд.
Сарвари давлат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар тамоми суханрониҳои хеш дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳо бо роҳбарони баландпояи давлатҳои хориҷӣ, мунтазам ҷомеаи ҷаҳониро барои муборизаи муштарак бо вабои аср ба мисли терроризму экстремизм даъват намуда, решакан намудани омилҳои ба содиршавии ин ҷиноятҳо мусоидаткунандаро ҳадафи асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат арзёбӣ мекунанд.
Дар Паёми навбатӣ низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои терроризму экстремизм аҳамияти хоса зоҳир намуда, зикр карданд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар баробари терроризму экстремизм, аз ҷумлаи он ҷинояткориҳои муташаккилонае мебошанд, ки хусусияти фаромиллӣ дошта, шиддати таъсирашон ба амнияти минтақавӣ ва глобалӣ, сарфи назар аз тадбирҳои андешидашаванда коҳиш наёфта истодааст.
Аз ин рӯ, масъалаи мубориза бар зидди ин зуҳурот ва ба даст овардани натиҷаҳои арзишманд дар паст кардани хатари онҳо ба амнияти миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дорад.
Ҳамин аст, ки Тоҷикистон ба  ҳамкории бештар бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дар самтҳои мубориза бар зидди хатару чолишҳои ҷаҳони муосир  доимо талош меварзад.
Дар Паёми навбатӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили дигари нигаронкунанда буда, яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Вобаста ба ин, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, ВКД, КДАМ ва Хадамоти гумрук вазифадор гардиданд, ки бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди воридшавии маводи мухаддир ба кишвар ҳамкориро байни ҳамдигар, инчунин ҳамгироии фаъолияти мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷие, ки бо мо дар ин самт ҳамкорӣ менамоянд, вусъат диҳанд.

 

Мавчуда АНВАРӢ

Декабрь 27, 2016 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд