Театрҳои мамлакат барои хурдсолон намоишҳои солинавӣ пешниҳод мекунанд

Декабрь 27, 2016 14:35, 804 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

lukhtak

ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба истиқболи Соли нави мелодии 2017 дар театрҳои шаҳри Душанбе намоишҳои солинавӣ ва афсонаҳо барои хурдсолон ба саҳна гузошта мешаванд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ тамошобини хурдсоли худро бо ду намоиш хурсанд хоҳад кард. Яке аз онҳо операи бачагонаи «Чароғи сеҳрноки Аловиддин»-и Шуҳрат Ашӯров ва дигаре афсонаи мусиқавии «Маликаи барфӣ»-и Г.Х Андерсон дар таҳияи Суҳроб Усмонов мебошад.
Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ афсонаи «Найи сеҳрнок»-и Феликс Тошмуҳаммедовро, ки коргардон Асалбек Назриев саҳнавӣ кардааст, манзури хурдсолон менамояд. Намоиши «Суперхаргӯш», ки муаллиф ва коргардони ӯ ҳунарпешаи шинохта Хуршед Мустафоев аст, туҳфаи солинавии Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский барои хурдсолону наврасон мебошад. Афсонаи мазкур дар кинотеатрҳои Тоҷикистон намоиш дода мешавад.
Ҳамчунин Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов барои ҳаводорони хурдсолу навраси худ намоиши «Афсунгар»-и Губаревро омода кардааст. Театри дӯстдоштаи хурдсолони пойтахт — Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак тамошобинони хурдсоли худро бо афсонаи «Ҷазираи беодам»-и Олга Журавлева ва коргардон Иззатулло Сафаров пешвоз хоҳад гирифт.

Декабрь 27, 2016 14:35, 804 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

назарзодаС. Назарзода: «Дар раванди ҷаҳонигароӣ забонҳои давлатӣ зери нуфуз ва таъсири забонҳои пурқудраттарини ҷаҳон қарор мегиранд»
Чура Хошими-2Ҷӯра Ҳошимӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ: «Адабиёти бачагонаи Тоҷикистон ба сатҳи ҷаҳонӣ баромадааст!»
Айни С.-0Устод Айнӣ: «Агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пайдо мешавад …»
Эмомали Рахмон ва Речеп Тайиб ЭрдоганДар Туркия маҷаллаи «Тоҷикистон» ба табъ расид
Чехрахои мондагорИштироки зиёда аз 2000 нафар дар ҳафтаи муаррифии асарҳои тозанашри Пешвои миллат
kitobКитоби Эмомалӣ Раҳмон «Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор» дар Афғонистон бори дуюм нашр гардид
Гавҳар Шарофзода аз номҳои бегона ва ғайримиллӣ изҳори нигаронӣ кард
Руми ВахшАДИБИ АМРИКОӢ БРЕД ГУЧ: «ЗОДГОҲИ РУМӢ ВОДИИ ВАХШ АСТ»
фарханг мулокотАлӣ Рифат: «Аз Сафир таъйин гардидан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Туркия фарҳанги шабеҳ дорад, хеле мамнунам»
Забони миллат-хастии миллат«Забони миллат-ҳастии миллат» арзиши баланди илмиву маънавӣ дорад
Фарханг (1)Ш. Орумбекзода: «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик тартиб дода шуд»
КИНОхоби хамдуна«Хоби ҳамдуна»-аввалин филми коргардони ҷавони тоҷик Румӣ Шоазимов