«Ту ҷавонӣ, ҷавоният зебост… » Ба муносибати Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017

Декабрь 27, 2016 17:47

????????????????????????????????????

ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми  имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  2017-ро соли  ҷавонон эълон  намуданд. Аз ҷумла, дар Паём чунин омадааст:

«Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Имрўзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».

Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷавонон эълон карда шавад.

 

156

Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд, барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.

Ин ҳолат  аз  он  шаҳодат медиҳад, ки Президент  ва  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷавононро неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо мешуморанд  ва ба сиёсати давлатии ҷавонон  аз  рўзи  аввали истиқлолият диққати ҷиддӣ  медиҳанд. Ҷавобан ба ин  ғамхориҳо ҷавонони  тоҷик бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Дар ин  самтҳо ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд.

Паёми  имсола барои ҷавонони кишвар  дастурамали корӣ буда,  дар маҷмӯъ як китоби мукаммалест, ки барои дастёбӣ ба роҳу усулҳои муосир дар самти беҳдошти иҷтимоию иқтисодӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ниҳоят зарур аст. Президенти мамлакат зикр намуданд, ки ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос чораҷўӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омўзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани мактабҳои деҳот, ки ин нишондиҳанда то имрўз 70 фоизро ташкил медиҳад, тадбирҳои зарурӣ андешида, то соли 2019 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат пурра бартараф карда шавад.

Пешвои миллат махсусан таъкид карданд, ки ҳамасола барои ҷавони кишвар 100 ҳазор ҷои кори нав таъсис дода шавад.                  Дастоварди дигари нодире, ки дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию маънавии ҷавонони кишвар такони ҷиддӣ бахшид, ин таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015 тасдиқ гардидааст.       Дар маҷмўъ, ба хулосае  омадан  зарур аст, ки масъалаҳои  муҳиме, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат муайян карда шуданд, моро барои ташвиқи ҳамаҷонибаи  онҳо  уҳдадор ва  масъул     мекунанд. Вобаста  ба ин  дар  самти кор  бо  ҷавонон чунин  корҳоро бояд анҷом дод:

-аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷўёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омўзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд. Инчунин ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рўҳияи донишомӯзиву меҳнатдўстӣ тарбия намоянд;

-масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ташкил намудани марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаю олии касбӣ ва инкишоф додани марказҳои дастгирии хонандагони болаёқат тадбирҳо андешанд;

-Вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати рафъи камбудиҳои дар  самти  тарбияи  ҷавонон ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намоянд.

Хуллас, соли оянда ҷавонони кишварро рӯйдодҳои муҳиму хотирмон интизоранд. Месазад бо чунин мисраъҳои устод Лоиқ ба ҷавонони кишвар муроҷиат кард:

Ту ҷавонӣ, ҷавоният зебост,

Айни сабзидану шукуфтанҳост.

Ту ҷавонӣ, ҷаҳони ту роҳ аст,

Арсагоҳат зи моҳӣ то моҳ аст.

 

Ҳикматулло  ХОҶАЕВ,   

коршиноси масоили  сиёсии  

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Декабрь 27, 2016 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд