В. Путин ва Б. Асад созиши оташбас дар Сурияро баррасӣ намуданд

Декабрь 30, 2016 11:43, 179 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

putin-asad

ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Россия Владимир Путин ва Президенти Сурия Башор Асад зимни суҳбати телефонӣ созиши оташбас дар Сурия ва гузариш ба раванди сиёсиро баррасӣ намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар медиҳад.
Зикр мешавад, ки роҳбари Сурия ба созиш баҳои баланд дода, баҳри риояи он изҳори омодагӣ кард.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гуфтушунидҳои Остона доир ба ҳалли мусолиматомези Сурия «қадами муҳиме дар роҳи ниҳоии ҳалли буҳрон хоҳад буд».
Ҳукумати расмии Сурия ва мухолифони ин кишвар дар бораи оташбас дар қаламрави кишвар аз 30 декабр созиш карданд. Кафили сулҳ Россия, Туркия ва Эрон мебошанд.
Созишномаро 7 гурӯҳ имзо карданд, ки шумораи умумии онҳо 60 ҳазор нафар мебошад. Гурӯҳҳое, ки ба сулҳ шомил нашуданд, ба гурӯҳхои террористӣ шомил мешаванд, қайд намуданд дар Вазорати мудофиа.
Интизор меравад, ки гуфтушунидҳои сулҳ доир ба Сурия бо иштироки Россия, Туркия ва Эрон дар Остона доир шаванд.

Декабрь 30, 2016 11:43, 179 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Vitalij-CHurkin-1Намояндаи доимии Россия дар назди СММ Виталий Чуркин аз олам даргузашт
Turtsiya-1Туркия Женеваро майдони асосии ҳалли буҳрони Сурия хонд
Afganstan-lavinaДар шимоли Афғонистон бар асари бориши барф ва сармо 14 нафар ба ҳалокат расиданд
Irak-MosulНеруҳои Ироқ 14 деҳаи атрофи Мосулро дар давоми як шабонарӯз озод карданд
migrant8_700Германия нақша дорад шумораи рекордии муҳоҷиронро ихроҷ намояд
SomaliШумораи қурбониёни таркиш дар бозори пойтахти Сомалӣ ба 39 нафар расид
Glava-MID-PolshiАъзои Иттиҳоди Аврупо метавонанд аз Британия ибрат гиранд
VuchichСарвазири Сербия қарор дод, ки дар интихоботи президентӣ иштирок намояд
Lavrov-i-StoltenbergЛавров бо Столтенберг дурнамои муносибатҳои Россия ва СААШ-ро баррасӣ кард
Bagdad-2Шумораи қурбониёни таркиш дар Бағдод ба 55 нафар расид
donald-trampДоналд Трамп ваъда дод, ки ҳафтаи оянда оид ба муҳоҷират фармони нав ба имзо мерасонад
London-1Дар фурудгоҳи Лондон мардеро бо гумони содир намудани амали террористӣ боздошт карданд