Варзишгарони Суғд аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 24 медали тилло ба даст оварданд

Декабрь 21, 2016 11:06

ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 ҳайати 212 нафараи варзишгарони вилояти Суғд, аз ҷумла 21 нафар бонувон дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 42 мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи варзиши тоҷикро баланд бардоштанд. Дастаи яккачини варзишгарони вилоят дар ҳайати тими Тоҷикистон барои гирифтани 24 медали тилло, 41 медали нуқра ва 39 медали биринҷӣ шарафёб гардиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабарнома нашр кардааст.
«Дар ёздаҳ моҳи соли равон 42 чемпионат ва мусобиқаҳои мухталифи вилоятӣ аз рӯи намудҳои гуногун ва барномаҳои варзишӣ дар доираи ҷашнҳои таърихӣ гузаронида шуданд.
Аз ин миқдор дар самти варзиши касбӣ 37 адад ва дар самти варзиши оммавӣ 5 адад мусобиқаи варзишӣ гузаронида шуданд. Дар мусобиқаҳои касбӣ 6367 нафар ҷавонону наврасон, аз ҷумла 737 нафар бонувон иштирок намуданд. Мусобиқаҳои оммавӣ бо ҷалби 147 320 нафар ҷавонону наврасон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун баргузор гардиданд. Аз ин шумора 47 343 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд»,-омадааст дар хабарнома.
Инчунин 2929 нафар аъзои дастаҳои яккачини вилоят, аз ҷумла 390 нафар бонувон аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар 75 мусобиқаи гуногуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 444 медали тилло, 459 медали нуқра ва 518 медали биринҷӣ гардиданд.

Декабрь 21, 2016 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»