Замира Рустамова «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016» интихоб гардид

Декабрь 30, 2016 14:27

ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муаллимаи  мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  Замира Рустамова ба унвони «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016» мушарраф гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади дарёфт ва интихоби омўзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳа,  тарғиби таҷрибаи пешқадами омўзгорӣ,  қадрдонии меҳнати омўзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ў дар ҷомеа аз 27 то 29 декабри соли равон дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф, муассисаи таҳсилоти умумии №21 ва литсейи №55 даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Омўзгори соли Тоҷикистон-2016» доир  карда шуд.
Озмун аз рўи шартҳои пешниҳоди дурусту амиқи мавзўъ, маҳорати дода тавонистани донишҳои нав ба хонандагон,  таҳлил карда тавонистани дарсҳои ҳамдигарӣ ва малакаи муаррифии дастовардҳо тавассути  воситаҳои муосири техникии  таълим, аз қабили тахтаи электронӣ, компютер ва видеопроектор баргузор гардида, дар он довталабони ғолиб аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ширкат намуданд.
Бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати ҳакамони босалоҳият, аз ҷумлаи олимону мутахассисони соҳа таъсис дода шуд ва он фаъолияти довталабонро арзёбӣ намуд
Ба ғолиби озмун ва иштирокчиёни он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм нишони «Аълочии маориф ва илм» ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфаҳои хотиравӣ, мукофоти пулӣ ва аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ планшет ва роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ тақдим карда шуданд.

8w3a4460

Декабрь 30, 2016 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид