25 январ-Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Январь 25, 2017 16:39

ДУШАНБЕ, 24.01.2017. /АМИТ Ховар/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 25 январ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад.
Кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки асосан дар вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фаъолият доранд, бобати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ, такмилу рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши босазо мегузоранд. Аз ҷумла, маҳз бо заҳмату талоши кормандони соҳаи мазкур Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва ғайраҳо таҳия шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, танҳо дар соли 2016 кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 119 ҳазору 709 нафар муроҷиаткунандагонро қабул намуданд. Аз ин 77 ҳазору 349 нафари онҳо ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 51 299 нафар расман мақоми бекорӣ гирифтаанд. Кормандони соҳаи меҳнат дар соли гузашта барои таъмин гардидани 39 067 нафар бо ҷойҳои корӣ, ки 112,4 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад, мусоидат намуданд. Ҳамчунин бо мусоидати онҳо ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2 876 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 3 946 нафар соҳиби ҷои кор шуда, ба 11 106 нафар ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид.
Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷои кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар соли гузашта 702 ярмаркаи ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки 5 606 нафар корҷӯй соҳиби ҷои кор ва 6 144 нафар барои касбомўзӣ роҳхат гирифтанд.
Кормандони соҳаи меҳнат хамчунин дар робита ба пешгирию бартарафсозии қонунвайронкунӣ дар соҳаи меҳнат, ҷуброни ҳаққу ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон бевосита мусоидат менамоянд.
Тавре ки Пайрав Ҷумъаев, муовини сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд, танҳо дар соли 2016 аз ҷониби мутахассисони Хадамоти мазкур дар 790 ташкилоту муассисаи давлатӣ, 1333 ташкилоти хусусӣ ва 286 субъекти хоҷагидори шакли дигари моликият санҷиш гузаронида шуд, ки дар ҷараёни онҳо 7401 адад қонунвайронкунӣ (дар соли 2015 6588 адад) ошкор гардид. Аз ин 3631 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 2318 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо иртибот доштанд.
Исмоил Файзизода, муовини раиси Федератсияи мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон зикр кард, ки кормандони ин иттиҳодия низ ба рӯйхати кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шомил мебошанд.
«Иттифоқҳои касаба бо мақомоти идоракунии давлатӣ назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқҳои иҷтимоии аъзои иттифоқи касаба, муайян намудани меъёрҳои асосии сатҳи зиндагӣ, андозаи ҷубронпулиҳо вобаста ба болоравии нархҳо, муқаррар намудани ҳаҷми маблағи камтарин барои рӯзгузаронӣ ва вобаста ба индекси нархҳо сари вақт таҷдиди назар кардани музди меҳнат, мукофотпулӣ, кумакпулиҳо ва дигар масъалаҳои ба он марбутро ба уҳда доранд», — зикр кард Исмоил Файзизода.

Рухсораи НУР

Январь 25, 2017 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд