Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тасарруфи маблағҳои буҷетиро аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор кард

Январь 27, 2017 15:25

Матбуоткоррупция (2)ДУШАНБЕ, 27.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми соли 2016 тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ нисбат ба собиқ раисони судҳои ноҳиявӣ, ки ҷиноятҳои вазнини коррупсионӣ содир кардаанд, ба анҷом расида, бо фикри айбдоркунӣ ба додгоҳҳо фиристонида шуданд. Вобаста ба ин, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО чунин изҳор кард: «Соли 2016 муфаттишони Агентӣ парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Х. Сангинзода оид ба гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА ва додани пора дар ҳаҷми 50 ҳазор доллари ИМА, нисбат ба судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ И. Саидзода ҷиҳати бо роҳи тамаъҷӯйӣ дар якчанд маврид талаб намудан ва гирифтани пора ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор доллари ИМА, нисбат ба судяи шаҳри Душанбе Х. Холиқзодаро оид ба гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА ба итмом расониданд».
Сулаймон Султонзода зикр кард, ки соли гузашта муфаттишони Агентӣ нисбат ба кормандони ВКД М.Қосимов ва С. Хоҷаев оид ба даст задани онҳо ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон (зиёда аз 18 кг) парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишот бурданд.
Ғайр аз ин, кормандони Агентии мазкур аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ тасарруф шудани маблағҳои буҷетиро ошкор карданд. «Нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Чин Чи Бин оид ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 15,6 миллион сомонӣ ва Ин Суандэ оид ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 14,2 миллион сомонӣ тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ пурра ба охир расонида шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол шудаанд», — гуфт С.Султонзода.

Январь 27, 2017 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд