ҶАВОНОН — НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ (Дар партави Паёми Пешвои миллат)

Январ 17, 2017 11:50
Хикматулло Хочаев

ДУШАНБЕ, 17.01.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ ва дастуруламали босамари фаъолияти давлат дар самти  сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб  мешавад.
Паём  доираи   фарохи масъалаҳои  сиёсию  иқтисодӣ ва иҷтимоию  фарҳангиро дар бар гирифта, самти ҳаракати давлатро барои  солҳои оянда  муайян   менамояд. Бояд зикр намуд, ки Президенти кишвар  дар ҳар як Паём ба тарбияи ҷавонон  диққати  махсус  медиҳанд. Тавре дар Паёми худ Пешвои  миллат қайд  менамоянд, ҷавонон ба сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо шинохта ва эътироф шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон  буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 дарсади сокинони онро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд.
Бо назардошти ин, Ҳукумат дар самти бартараф намудани падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон як зумра иқдомҳоро амалӣ намудааст, ки баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, рушди онҳо нақши меҳварӣ бозидааст. Аз ҷумла, дар ин самт қабули  санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва амалисозии онҳо аҳамияти хеле назарас дорад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мо дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар сохтори Академияи илмҳо Маркази тадқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ ҳар чи бештар ҷалб карда шаванд. Ҷавонон аз иқдоми таъсиси чунин Марказ ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд, зеро он метавонад дар оянда барои баланд бардоштани шаъну шарафи кишвари маҳбубамон мусоидат намояд. Ҷавонони ватандӯсту лаёқатманд метавонанд дар оянда ҳамчун кадрҳои арзандаи кишвари соҳибистиқлоли мо ба воя расанд ва дар арсаи  илми муосири нақши калидӣ дошта бошанд.
Имрӯз ҷавонони моро зарур аст, ки дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ва инкишоф ёбанд, арзишҳои миллӣ ва  муқаддасотро ҳифз  намоянд. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  раҳнамои зиндагӣ барои ҳар як ҷавони бо нангу номуси кишвар аст. Яке аз хусусиятҳои Паёми имсола дар он аст, ки бештари суханони Пешвои миллат ба рушди маориф ва соҳибмаърифатии ҷавонон, махсусан дар бахши забономӯзӣ ва андӯхтани донишҳои муосир равона гардидааст. Бинобар ин, Президенти кишвар таъкид намуданд, ки ҳамасола барои ҷавонон бояд 100 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шавад. Бо ин мақсад Пешвои миллат соли  2017–ро Соли ҷавонон эълон карданд. Насли ҷавон, ки  бештари аҳолиро ташкил медиҳанд, давомдиҳандаи  фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидору тавоноии воқеии рушду пешрафти ҷомеа мебошад.
Яке аз масъалаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар чандин паёмҳои худ ба он ишора намудаанд, ин пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ мебошад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва тундгароӣ  «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020»-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгаро ва зӯроварӣ дар оила пурзӯр карда мешавад. Стратегияи мазкур тамоми паҳлӯҳои равандҳои асосии ифротгароиро, ки  ба терроризм мебаранд, дар бар мегирад. Дар асоси он самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба муқобили ифротгароӣ ва тундгароӣ, ки баҳри ҳифзи сохти конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона шудааст, муайян карда мешаванд. Тибқи ин Стратегия бояд таҳаммулгароӣ дар ҷомеа ташаккул ёфта, заминаи ҳуқуқӣ барои мубориза бо ифротгароӣ такмил дода шавад. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба проблемаи мазкур бесабаб нест. Маҳз ифротгароӣ ва тундгароӣ боис гаштаанд, ки Сурия, Ироқ ва Афғонистон гирифтори бозиҳои абарқудраҳои ҷаҳонӣ шуда, то имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми талоши худро барои барқарории сулҳ ва субот дар ин кишварҳо равона карда истодааст, аммо то ҳол натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд.
Пешвои миллат дар нишасти сарони кишварҳои СААД, ки дар Санкт — Петербург  доир гардид, таъкид намуданд, ки ба масъалаи муҳимияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, зеро таҳдид ба амнияти миллии Тоҷикистон аз ҷониби ДИИШ маънои таҳдид ба ҳама кишварҳои Осиёи Марказиро дорад. Ба таъкиди Сарвари давлат, ҳифзи ин марз тадбири муҳим дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мебошад.
Бинобар ин мо, ҷавонон вазифадорем худро ҳамчун намояндаи тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ ва таҳаммулпазирӣ муаррифӣ намоем.

Ҳикматулло  ХОҶАЕВ,
коршиноси масоили сиёсии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Январ 17, 2017 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

--- 15.07.15 gep 119 май -Рӯзи байналмилалии мубориза бо гепатит: беморие, ки пурра муолиҷа мешавад
JpegАстероиди эҳтимолан хатарноки 2014JO25-ро олимони тоҷик ҳам мушоҳида карданд
Камол НасруллоШоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи он, ки муҳити интернет ба ҷавонон чӣ таъсирҳо метавонад дошта бошад
Айни-0ЁДКАРДИ УСТОД АЙНӢ: имрӯз қаламкашони тоҷикро мебояд ба публисистика бештар рӯй биёваранд
Файзуллло БаротзодаНақши ҷавонон дар пешгирии ифротгароии динӣ
Навруз АликаҶашни Сада муждаест аз Наврӯз (Пешниҳоди як гурӯҳ донишмандон роҷеъ ба ин ҷашн)
Меҳргон омад ба хидмат_ шаҳрёро назди ту _2Меҳргон омад ба хидмат, шаҳрёро назди ту! (Пешниҳоди як гурӯҳ донишмандон роҷеъ ба ин ҷашн)
Хоки Ватан-4Пешвои миллат оид ба нақши барномаи «Хоки Ватан» дар раванди сулҳи тоҷикон: имрӯз ба таъсиси ин барномаи машҳури радиоӣ 24 сол пур шуд!
Хафт син-6ҲАФТ МЕВА, ҲАФТ САЛОМ, ҲАФТ ШИН, ҲАФТ СИН, ҲАФТ СИНӢ, ҲАФТ АМШОСПАНДОН
Ф. БаротзодаНАВРӮЗИ ХУСРАВОНИИ ТОҶИКОН (Дар партави мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни эҷодкор)
Вода22 март- Рўзи байналмилалии захираҳои об:ҳамкорӣ дар соҳаи об тақозои замон аст
Навруз ИранНАВРӮЗ КУҲАНТАРИН ОЙИНИ МИЛЛӢ ДАР ҶАҲОН АСТ!