Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Тоҷикобод бо ҷамъиятҳои тоҷикони Красноярск ва Санкт-Петербург ҳамкории зич дорад

Январь 18, 2017 11:22

ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод аз оғози соли нав қариб дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вохўриҳои худро дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дар самти муҳоҷират ба таври мунтазам роҳандозӣ намуд.
Дилшод Фаттоҳов, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мувофиқи маълумоти аз ҷамоатҳо ба дастомада теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳия ба 2880 нафар расида, аз ин 150 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд. Муҳоҷирони меҳнатии ноҳия асосан дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Самара, Новосибирск, Иркутск ва Красноярск фаъолият менамоянд.
«Аз аввали сол то имрўз ба бахши Хадамот 103 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд. Аз ин шумора воридшавии 26 нафарашон бо сабабҳои гуногун ба Россия манъ карда шудааст. Барои соҳибкасб гардонидани нафароне, ки азми муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, онҳо ба филиали Муассисаи давлатии маркази таълими калонсолони ноҳия, ки аз соли 2008 инҷониб амал мекунад, фиристода мешаванд. Дар айни ҳол дар ин муассиса аз рўи ихтисосҳои дӯзанда, кафшергари барқӣ ва муҳосиб сабақ мегиранд. Ҳоло 40 нафар зан ба касби қолинбофӣ ва 20 нафар ба қуроқдўзӣ машғуланд. Инчунин 10 нафар бо ихтисоси кафшергари барқӣ ва 7 нафар бо ихтисоси муҳосиб касб меомўзанд. Ба ғайр аз ин 57 нафар сокинони ноҳия барои гирифтани Сертификат барои донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ФР ба филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе тавсия дода шуданд»,-илова намуд Дилшод Фаттоҳов.
Зикр шуд, ки бахши Хадамоти муҳоҷират бо ҷамъиятҳои бурунмарзии тоҷикон дар шаҳрҳои Красноярск ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҳамкории зич дорад.

Январь 18, 2017 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд