Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Январь 30, 2017 18:57

ДУШАНБЕ, 30.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба фарорасии санаи хотирмон дар таърихи муосири муносиботи байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия – 25-мин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ – сарфарозам ба Шумо табрикоти самимии хешро ирсол намоям.

Тайи ин давра бар асари талошҳои муштарак ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бемайлон густариш ёфта, зинаҳои нави болотарро касб карданд.

Дар ин раванд усулҳои пазируфташуда ва халалнопазири дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ ва эътимоду эҳтироми мутақобила хоси робитаҳои созандаи Тоҷикистону Туркия буданд.

Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати дӯстона бо Туркия мебошад ва ин мавқеъ созгори усули умдаи сиёсати хориҷии мост.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҷаноби Президент тансиҳативу пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Туркия суботу амонӣ ва рӯзгори обод орзумандам».

Январь 30, 2017 18:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон