Барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Январь 4, 2017 11:47, 214 хонанда
si-tsinpin-i-emomali-rahmon-1

ДУШАНБЕ, 04.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба шарафи 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Хитой ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин тамманниёти хешро иброз намоям.

Тоҷикистону Хитой ҳамсояҳои ба ҳам хайрхоҳ мебошанд ва онҳоро кӯҳҳои осмонбусу дарёҳо ба ҳам мепайванданд. Дӯстии халқҳои мо аз гузаштаи дур маншаъ мегирад. Тайи 25 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ муносибатҳои кишварҳои мо босубот ва самарабахш рушд меёбанд. Тамосҳову мубодилаи сафарҳо дар сатҳи баланд мунтазам ба роҳ монда шуда, сатҳи эътимоди мутақобилаи сиёсӣ пайваста боло меравад. Ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби эъмори муштараки “Як камарбанд ва як роҳ”, ҳамчунин дар ҷодаи амниятӣ натиҷаҳои хуби барои мардумонамон воқеан ҳам судмандро ба бор меоварад. Ҳар ду ҷониб якдигарро дар масъалаҳои муҳимми мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дастгирӣ намуда, дар умури байналмилаливу минтақавӣ ҳамдастиву мусоидати мутақобиларо ба роҳ мондаанд ва аз ин тариқ дар раванди таъмини сулҳу суботи минтақавӣ нақши назаррас доранд. Ҷонибҳо Аҳдномаро “Дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расонида, муносибатҳои шарикии стратегиро роҳандозӣ намудаанд ва ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, ки ба марҳалаи наву муҳимми рушди худ ворид мешавад, ҷиддан пеш бурдаанд. Ҷониби Хитой аз натиҷаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамояд ва ба ояндаи неки тавсеаи онҳо итминони комил дорад.

Ин ҷониб ба густариши минбаъдаи муносибатҳои Хитою Тоҷикистон аҳаммияти хосса медиҳад. Ҷониби Хитой масири рушди Тоҷикистонро бо назардошти хусусиятҳои миллии кишвар, саъю талошҳои онро ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи дохилӣ, ҳамчунин пешбурди тараққии иҷтимоиву иқтисодӣ қотеона пуштибонӣ менамояд. Ба муносибати 25-солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо омодагии хешро ҷиҳати — дар якҷоягӣ бо Шумо — минбаъд ҳам таҳким бахшидани эътимоди мутақобилаи сиёсӣ, таъмиқи ҳамкорӣ ба хотири эъмори муштараки “Як камарбанд ва як роҳ” ва мунтазам ба зинаҳои нав баланд бардоштани муносибатҳои шарикии стратегии Хитою Тоҷикистон бар нафъи кишварҳо ва мардумонамон иброз медорам.

Орзуманди таҳкиму рушди пайвастаи дӯстии Хитою Тоҷикистон мебошам.

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолиятатон муваффақиятҳо орзумандам».

Январь 4, 2017 11:47, 214 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

kasri-millat-1-3Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд
32267475263_63f60b004a_zМаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
33048320015_a29cba8f4c_zБоздиди Сарвари давлат аз Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ
Касри миллат-оргҚарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
32120364754_fbee68cb9c_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ
MNK_0988Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
32566672060_59a3d0dca3_zМулоқоти Пешвои миллат бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Юлдирим Туғрул Тюркеш
Навоз Шариф ТочикиБарқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф
32566123050_405225049a_zТаъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ
32758635522_81d761573b_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Эмомали Рахмон ва Гурбонгули БердимухаммедовБарқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов
Франк-Валтер Штайнмайер-ТочикБарқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер