БМТ сатҳи таваррумро дар моҳи декабр шарҳ додааст

Январь 12, 2017 11:57, 78 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

БМТ

ДУШАНБЕ, 12.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи декабри соли 2016 тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум раванди муътадил дошта, 0,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳи қаблӣ 0,3 банди фоизӣ ва моҳи декабри соли гузашта 0,1 банди фоизӣ кам мебошад. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба таварруми ҳосилшуда дар моҳи декабр асосан ба андозаи 1,0 фоиз болоравии нархи молҳои озуқаворӣ, аз ҷумла равғани пахта, чой, шир ва маҳсулоти хусусияти мавсимидошта, аз қабили картошка, пиёз ва себ таъсир расонид. Ҳамзамон дар ин моҳ нархи молҳои ғайриозуқа бетағйир монда, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ба андозаи 1,2 фоиз коҳиш ёфтанд.
Бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи муътадили нархҳо дар ҷумҳурӣ нигоҳ дошта шуд. Аз рӯи ҷамъбасти соли 2016, сатҳи таваррум 6,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта ҳамагӣ ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби афзоиши нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ 6,8 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 5,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 4,5 фоиз ба амал омад.
Қобили зикр аст, ки таваррум нисбат ба дурнамои он, ки дар соли 2016 дар сатҳи 7,0 фоиз пешбинӣ гардида буд, ба андозаи 0,9 банди фоизӣ кам мебошад.
Бояд зикр намуд, ки таваррум яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ барои нигоҳдории устувории фазои макроиқтисодии кишвар ба шумор рафта, нишондиҳандаи муътадили он ҷиҳати беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва рушди истеҳсоли маҳсулот дар кишвар мусоидат мекунад.
Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ гузаронида, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул ва инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Январь 12, 2017 11:57, 78 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Савлатали саидТаҳти раисии Давлаталӣ Саид ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид
Артисты ГБАОРӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар Суғд баргузор мешавад
Хайдарзода Саодат -1Саодат Ҳайдарзода, cармуҳаррири маҷаллаи «Фирўза»: «Чакан рамзи рангорангии ҳаёт ва хушиҳои зиндагист»
рохпаймои++ (2)«Мо пайрави Пешвои миллатем»-роҳпаймоии ҷавонон дар шаҳри Турсунзода
Дадабоева НодираИнтихоби дурусти ҳамсар–кафили зиндагии бобақо ва бардавом
Хирадмандони ХХДТИмрӯз Конференсияи ғайринавбатии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид
Дар Бадахшон ғолибони озмуни «Китобхони беҳтарин» муайян шуданд
фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» 3Бахшида ба Соли ҷавонон Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» доир гардид
iktisodВазорати рушди иқтисод ва савдо: «Мақсади муҳокимаҳои ҷамъиятӣ пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ мебошад»
Фазилати эълон гардидани соли ҷавонон
Новый рисунок«Ҳифзи Ватан муқаддас аст» -озмуни «Суруди сарбоз» натиҷагирӣ шуд
ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ… (Давлаталӣ Давлатзода дар бораи мусулмонон, таърихи воқеии инкишоф ва таназзули онҳо)