Чаро Бобои Наврўз набошад, то аз баҳори файзбахш муждагонӣ орад?

Январь 31, 2017 11:17

Сурати РузибойДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рўзибой  Мавлонзода  рўзноманигорест, ки 18 сол боз баҳри кўдакон эҷод мекунад. Рўзномаҳои  «Ворисони сомониён»,  «Сомониён», маҷаллаҳои «Ахтарон», «Рангинкамон» ва «Афсонаҳо»  бо заҳмати ў аз чоп мебароянд.  Эҷоди афсонаҳои дилошўб ва қиссаву ҳикоёти кўдакона номбурдаро ба дунёи беолоиши хурдсолон пайванд намудааст.  Соли 2008 бо меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба кўдакон ў Бобои Наврўзро офарид. Ҳамасола дар  рўзҳои тантанаи ҷашни Наврўз   либоси махсуси рамздорро, ки  таҷассумгари иди миллии мост, ба бар намуда,   дар хиёбонҳою  намоишгоҳҳо ҳунарнамоӣ мекунад. Бо ин амал дили ҳазорон бинанда, хоса кўдаконро шод мегардонад. Мавсуф мегўяд, ки «танҳо хурсандии кўдаконро мехоҳам. Ҳар сол ҷомаву шалвори Бобои Наврўзро  пўшида,  ба мактаб ва  боғчаҳо меравам. Кўдакони дабистон  Бобои Наврўзро бо  тасвироти гуногуни рамздор дида, хушҳол мешаванд.  Ин бароям армуғони беқиёс мебошад. Гузашта аз ин,  бо ин қадар ҷашни куҳан будани Наврўз чаро Бобои Наврўз набошад, ки  ба одамон аз баҳори файзбахш муждагонӣ орад?».

Мо зимни суҳбат аз Рўзибой  Мавлонзода пурсидем, ки Бобои Наврўз  кист  ва либоси ў чӣ рамзҳо дорад?

Рўзибой  Мавлонзода:  Дар оилаи мо ҳамаи он  ҷашнҳоеро, ки дар кишвар пазируфта шудаанд,  истиқбол менамоянд. Махсусан Наврўзро, ки иди миллии мост. Ҳар сол дар ин рўз мо бо ҳафтсину ҳафтшин ва неъматҳои дигар дастархон меороем. Ҳамин тавр, соли 2008 дар ҷашни Наврўз хостам барои аҳли байтам, хоса кўдакон боз чизе хурсандиовар ва зеботар тақдим кунам. Ба фикрам ташкили Бобои Наврўз афтод.  Либосу  лавозимоти махсусро барои он таҳия сохтам, ки барои бисёриҳо ҷолиби диққат намуд.  Пасон баҳри беҳтар ва мукаммалтар омода намудани  либоси Бобои Наврўз  қариб 6 моҳ заҳмат кашидам. Мукаррамаи Қаюмзод, яке аз тарроҳони  варзида дар кишвар дўхтани онро    ба уҳда гирифт. Вақте либоси Бобои Наврўз ба пуррагӣ тайёр шуду онро намоиш додам, ба ғайр аз оилаи мо хонаводаҳои  дигар ҳам онро дўст доштанд ва бо шавқмандӣ  пазируфтанд. Ҳоло дар ҷомаи Бобои Наврўз ҳама фаслҳои сол  — тобистону тирамоҳ, замистон ва  оғози баҳори хуҷаста тасвир шудааст. Ҳар ки ба пешу бари он чашм дўзад,  мебинад, ки чӣ гуна ин фаслҳо бо рамзҳои худ — меваҳову барги хазон ва барфу гулҳои навшукуфта  тарҳрезӣ шудаанд. Дар китфи рост  булбул ва дар  чап тутӣ бо лонаву тухмҳояшон чун рамзи баҳорон  ва ба сари он  —  тоҷ ҳамчун нишона аз давлатдории дерини тоҷикон  гузошта шудааст. Риши сафедаш аз ҷашни куҳан будани Наврўз маъно медиҳад. Бобои Наврўз касе ҳаст, ки барои инсон аз баҳору сарсабзӣ ва файзу баракати табиат  муждагонӣ меорад. Дар симои он ҳикмати Наврўзи хуҷастапай таҷассум ёфтааст.

БН

-Бобои Наврўзро дар  намоишҳои аввалини барномаҳои  наврўзӣ   мардум  чӣ гуна пазируфтанд?

 Рўзибой  Мавлонзода: Вақте либоси Бобои Наврўз тайёр шуд,  соли 2008 буд. Ҳамон сол дар ҷашни Наврўзи  Коллеҷи технологии шаҳри Кўлоб иштирок намуда,  аввалин бор дар ҳамин даргоҳ онро ба намоиш гузоштам. Ҳангоме Бобои Наврўз дар саҳна давр мезаду  тамошобинонро дуруду марҳабо мегуфт, ҳама аз ҷо хестанд. Устодоне, ки он ҷо иштирок доштанд, гуфтанд, ки ҷашни мо аз ҳама дида аҷоибтар шуд. Чунин чорабинии фараҳбахш бо ширкати Бобои Наврўз  тўли чанд соли охир беназир аст.

Баъдан, соли 2009 дар иди наврўзии шаҳри Душанбе дар Боғи «Ирам»  низ ҳузур доштам. Дар намоиш  Набиҷон Раҳмондўст, яке аз таҳиягарони барномаи наврўзӣ гуфт, ки хеле аҷоиб офаридед ва  хушҳолона онро барои иштирок дар чорабинӣ қабул карданд. Фармуданд, ки дар рўзи ҷашн дар макони баргузории он равуо кунам. Рўзи иди Наврўз одамони бисёр, махсусан кўдакон вақте аз дарвоза вориди базмгоҳ мешуданд, омада, бо як ҳаяҷон Бобои Наврўзро тамошо карда, мепурсиданд, ки аз куҷо омадед? Ин гулу дарахтони мева ва паррандагон дар тани Шумо чӣ маъно доранд?  Аксари тамошобинон омада, дар барам  сурат гирифтанд. Дар  ин қатор меҳмонони хориҷӣ низ зиёд буданд. Онҳо ба рамзҳои либоси Бобои Наврўз бисёр диққат доданд. Мепурсиданд, ки чаро дар як китф булбул бо тухмҳояш, дар дигараш тӯтӣ тасвир ёфтааст. Боз аз тоҷ, асо ва либоси ў суол мекарданд. Инчунин ҳамасола дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар вақте ҳафтаи китоб мегузарад, он ҷо низ даъват мешавам ва барои чанд лаҳзае дили хурдсолонро шод месозам.

 Ҳарчанд  намоиши Бобои Наврўз имрўзҳо дар чорабиниҳо  ба таври васеъ роҳандозӣ  нашудааст, вале дар як муддат писанди дили ҳамагон гашта, тантанаҳои ин ҷашни қадимиро боз ҳам пурғановат мегардонад. Бовар дорам, ки дар ҳама гўшаҳои кишвар бо фараҳмандӣ аз он истиқбол мекунанд. Зеро ҳар чи  офарида шуду ба халқ маъқул омад, он рўзе анъана мешавад ва ҳамин тавр боқӣ мемонад. Онро  мо дар ин ҷашни фархунда бояд амалӣ кунем, такмил диҳем. Ҷашни Наврўзро бо он аҷоибу шавқовартар намоем. Беҳтар аст, ки Бобои Наврўзро пеш аз дигарон мо худ муаррифӣ кунем. Ба ҳамагон ҳикмати ин ҷашни куҳанбунёдро  дар симои Бобои Наврўз бояд ошно сохт.

 Ҳоло мехоҳам либос, хусусан  тоҷи Бобои Наврӯзро такмил диҳам. Дар  тоҷи Бобои Наврўз  12 бурҷи осмон ва парчами Наврўз  бо ишораи 365 шабу рўз,  моҳ ва ситораҳо  бояд тасвир ёбанд. Боз агар тасвироти либос гулдузӣ шаванд,  намои онро рангинтару дилчасп месозанд.

 

 Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,

хабарнигори нашрияи «Ҷумҳурият»

 

Январь 31, 2017 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид