Дар Қазоқистон бар асари фурӯравии бинои истиқоматӣ 9 нафар ҳалок гаштанд

Январ 3, 2017 15:54

Хабарҳои мавзӯъ

1

ДУШАНБЕ, 03.01.2016. /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳои бинои баландошёнае, ки дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон фурӯ рафт, ҷасади 9 нафарро берун оварданд. Миёни онҳо 3 тан кӯдакон низ буданд. Дар ин бора АИР «Новости» бо истинод ба намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи (КҲФ) ВКД Қазоқистон Руслан Имонқулов хабар дод.
Иттилоъ дода мешавад, ки шоми рӯзи якшанбе, 1 январи соли равон дар маҳаллаи Шоҳони вилояти Қарағанда қисми бинои баландошёна фурӯ рафт. Чанде пеш дар бораи 2 қурбонӣ иттилоъ расида буд.
«Аз зери харобаҳо ҷасади 9 нафарро берун оварданд, ки 3 нафар мард, 3 нафар зан ва 3 нафар кӯдак мебошанд», — шарҳ дод намояндаи КҲФ ВКД Қазоқистон Руслан Имонқулов.
Имонқулов ҳамчунин афзуд, ки субҳи рӯзи душанбе аз зери харобаҳо як шахси зиндаро наҷот доданд. Бино ба гуфтаи ӯ, марди 32-сола соати 08:15 ба вақти маҳаллӣ (07:15 ба вақти Душанбе) аз зери харобаҳо берун оварда шуд.
Феълан корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар бинои фурӯрафта ба итмом расида, доир ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Январ 3, 2017 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

кудакони африкоБонги изтироб: ҳаёти зиёда аз 24 миллион кӯдакон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ зери хатар қарор дорад!
KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд