Дар Москва “Васияти гумшуда”-и Паёмбари ислом намоиш дода мешавад

Январь 20, 2017 11:24

ДУШАНБЕ, 20.01.2017./АМИТ “Ховар”/. 29 январ дар шаҳри Москва, пойтахти Россия  нахустнамоиши «Васияти гумшуда” дар бораи роҳи зиндагӣ ва таълимоти Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) доир мешавад. Нақши асосиро дар ин намоишнома ҳунарманди маъруфи театр ва синамои Россия Марат Башаров бозӣ кардааст.  Дар ин бора агентии “Спутник” бо истинод ба масъулони Муфтиёти мусалмонони Россия иттилоъ додааст.

Бино ба хабари Муфтиёти мусалмонони Россия 29 январ   дар толори «Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Москва нахустнамоиши спетакли «Васияти гумшуда” бо ширкати ҳунармандони маъруфи Русия Марат Башаров ва Шамил Хаматов ва ҳунарпешаи қазоқ Бибигул Актан Суяншалина доир мешавад.

Ин намоишнома бо пуштибонии Муфтиёти мусалмонони Россия ва Шӯрои муфтиёни ин кишвар аз сӯи коргардон Илдар Карим таҳия шуда, дар бораи зиндагии мусалмонон дар Россияи имрӯза қисса мекунад. Вале як рукни аслии сюжети ин намоишнома роҳи зиндагии Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) мебошад.

Бино ба гузориши АИ “Спутник”,  қиссаи «Васияти гумшуда”  роҷеъ ба он  аст, ки як зан (дар иҷрои Бибигул Суяншалина) мехоҳад худкушӣ кунад. Вале иттифоқан дар роҳ бо як раҳгузар (дар иҷрои Марат Башаров) вомехӯрад. Ин раҳгузар бо овардани қиссаҳои ибратомӯз аз таърихи Ислом ва Паёмбар ба ин зан тавсия медиҳад, ки дар лаҳзаи сахти зиндагиаш ба васияти Паёмбар рӯ биорад.

Таҳиягарони «Васияти гумшуда” мегӯянд, пеши худ се вазифаи асосӣ гузоштаанд: аввалан, ба тамошобинон расонидани роҳи зиндагӣ, таълимот ва рисолати Паёмбари Ислом, сониян, нишон додани таърихи Ислом дар Россия ва дигар кишварҳои мусалмоннишини ҳамсоя ва, солисан, таъкид ба аҳамияти арзишҳои неки Ислом, заруряти инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, одобу ахлоқи хамида, эҳтироми волидайн, омӯхтани илму донишҳои муосир ва ғайра дар замони ҳозира.

Мавриди зикр аст, ки Муфтиёти  Россия ду сол боз дар мавзӯи Ислом ва арзишҳои  он намоишномаҳои вижаи театрӣ таҳия мекунад.  Бино ба маълумоти оморӣ, мусалмонон ҳудуди 20 миллион нафар аз 140 миллион аҳолии Россияро ташкил медиҳанд ва раванди муҳоҷират саҳми мусалмонҳо дар таркиби аҳолии  ин кишварро сол то сол афзоиш медиҳад.

 

Январь 20, 2017 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1185 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст