Дар ноҳияи Сангвор 391 оилаи эҳтиёҷманд соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардиданд

Январь 5, 2017 14:50

САНГВОР, 5.01.2017 /АМИТ Ховар/. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Сангвор фонди захиравии ноҳия дар масоҳати 170 гектар замин ҷудо гардид. Аз ин ҳисоб то соли 2016 ба 391 оилаи эҳтиёҷманд 60,7 гектар замин барои сохтмони манзили зист ҷудо карда шуд. Дар ин бора Умед Кабутов, раиси Кумитаи заминсозии ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
«Кумитаи идораи замини ноҳияи Сангвор бо мақсади пурраю оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақшаю чорабиниҳо тартиб дода, дар асоси он фаъолияташро ба роҳ мондааст»,-иброз дошт Умед Кабутов.
Зикр шуд, ки ноҳияи Сангвор яке аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, марзи маъмурии он 597 ҳазору 384 гектар мебошад. Аз ин 2141 га замини корам, 1635 га замини обӣ, 506 га замини лалмӣ, 501 га боғ, 170 ҳазору 879 га чарогоҳ, 1522 га замини наздиҳавлигӣ, 19 ҳазору 738 га ҷангалу бешазор ва буттазор, 419 га роҳҳои чорвогузар ва 395 ҳазору 149 гектар дигар заминҳо мебошанд.

Январь 5, 2017 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»