Дар ноҳияи Шуғнон дидбонгоҳи нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба фаъолият шурӯъ кард

Январь 16, 2017 15:14, 937 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

оташнишони

ХОРУҒ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бинокорони ҶДММ «Шариф» сарфи назар аз фасли сармо корашонро қатъ накарда, бинои дидбонгоҳи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳуриро дар маркази ноҳияи Шуғнон-шаҳраки Ваҳдат мавриди истифода қарор доданд.  Сардори ин ҷамъият Шероз Абдуллоев гуфт: «Мо ба бунёди бино моҳи майи соли равон шурӯъ кардем. Дар муддати 8 моҳ онро бо сифати хуб дар ихтиёри Раёсати Хадамоти оташнишонии ВМКБ гузоштем. Дар ин бино ҳам барои фаъолияти пурсамари ҳайати роҳбарикунанда ва ҳам гурӯҳи сӯхторнишонҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Утоқҳо гарму васеъ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Дар дохили бино ҳамчунин ошхона ва хобгоҳ мавҷуд аст».
Сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ Анвар Шолангаров ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои сохтмони ин бино дуюним миллион сомонӣ ҷудо кард, изҳори минатдорӣ  намуд. Ба гуфтаи сардори раёсати мазкур, бо ба итмом расидани сохтмон мошини нави оташнишонӣ ба маблағи 560 ҳазор сомонӣ ҳарид ва дастраси кормандони ин дидбонгоҳ гардид.
Ду сол қабл дар ҷамоати Навободи ин ноҳия як дидбонгоҳ навсозӣ ва бо иловаи чанд воҳиди корӣ мавриди истифода қарор гирифта буд.

Январь 16, 2017 15:14, 937 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

IMG_4671Кишварҳои СҲШ ҳамкории сарҳадиро тақвият мебахшанд
s (9)марзбонХизматчиёни қӯшунҳои сарҳадӣ моҳи феврал 17 қочоқчиро дастгир намуданд
санги кимматбахоСокинони Кӯлоб бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо дастгир шуданд
вазирони корхои дох тадж россРамазон Раҳимзода бо Владимир Колоколтсев омода намудани кадрҳои баландихтисосро баррасӣ карданд
ВКД пораМуовини сардори шуъбаи кофтукови ВКД ва мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Кӯлоб барои гирифтани пора айбдор мешаванд
Рузи артишВазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Мирзо: «Ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад»
Панҷи Поён «Интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва пешгирӣ гардид» (2)Панҷи Поён: «Интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва пешгирӣ гардид»
ЗЗТоҷикистону Афғонистон ҷинояткоронро истирдод менамоянд
судХудкардаро даво нест…
коррупсияДастгир шудани сармутахассиси соҳаи заминсозии Ҳисор бо гумони гирифтани пора
пораМуфаттиши Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара бо ҷурми коррупсия дастгир карда шуд
ВКДЧТИмрӯз дар ҷаласаи селектории Вазорати корҳои дохилӣ масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия баррасӣ гардид