Дар шаҳри Истиқлол гурӯҳи корӣ нуктаҳои асосии Паёмро миёни аҳолӣ шарҳу тавзеҳ медиҳад

Январь 13, 2017 09:04

ДУШАНБЕ, 13.01.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо иштироки аъзои гурӯҳи кории тарғибгари Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон     Сайрам Бақозода-муовини аввали директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон  «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳона Одиназода, сармуҳарририи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», Нурулло Оқилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Дилрабо Насруллоева мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот сокинони шаҳр,  ҷавонони ташаббускор, занони фаъол ва  кормандони ташкилоту муассисаҳои   шаҳр ширкат варзиданд. Зимни ҷамъомад меҳмонон  роҷеъ ба  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, аз ҷумла дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ,  натиҷаҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2016 ва муаррифии афзалиятҳои рушди кишвар дар доираи «Стратегияи миллии  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» сухан гуфта, ба саволҳои сокинони ноҳия ҷавобҳои мушаххас доданд.

Зимни суҳбатҳо оид ба Паёми Пешвои миллат ҷавонони толор хеле фаъолона иштирок карданд. Аз ҷумла, корманди бахши ҷавонони шаҳр Комрон Машарифов, ки тибқи квотаи президентӣ донишгоҳро хатм кардааст, дар Соли ҷавонон ин насли ояндасози давронро ба далерӣ, ватандӯстӣ, ободкорию созандагӣ ва хизмати содиқона ба Ватану Сарвари давлат даъват кард.

Шоира Нодираи Назирӣ дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат аз занону духтарон дар мамлакат сухан гуфт.

Ёдовар мешавем, ки сафари гурӯҳи корӣ то 18 январи соли 2017  ҷиҳати шарҳ додани Паёми Пешвои миллат бо сокинони шаҳри Истиқлол идома меёбад.

Январь 13, 2017 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд