Дар як зумра минтақаҳои Чин бори аввал дараҷаи сурхи бонги хатар ҷорӣ карда шуд

Январь 4, 2017 10:48, 229 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

kitaj-1

ДУШАНБЕ, 04.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар як зумра минтақаҳои Ҷумҳурии мардумии Чин бинобар сабаби тумани вазнин дараҷаи баландтарини бонги хатар ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора АИР «Новости» бо истинод ба хадамоти марказии бодуҳавошиносии ҶМЧ хабар медиҳад. Тавре иттилоъ дода мешавад, дараҷаи баландтарини «сурх» 3 январ дар Пекин, Тянтсзян, қисми музофотҳои Хэнан, Хэбэй, Шандун ва Анхой ҷорӣ карда шуд. Дар баъзе минтақаҳо биноӣ на кам аз 50 метрро ташкил медод.
Гуфта мешавад, ки дараҷаи «сурх» то бегоҳи чоршанбе, 4 январ амал мекунад. Тавре дар хабарнома таъкид мешавад, ин бори аввал аст, ки бар асари туман дараҷаи «сурх» ҷорӣ мешавад.
Тибқи маълумоти хадамоти марказии бодуҳавошиносии ҶМЧ, субҳи рӯзи чоршанбе, 4 январ шурӯъ аз соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ (05:00 ба вақти Душанбе) бинобар сабаби туман дараҷаи баландтарини бонги хатар то соати 08:00 рӯзи панҷшнбе, 5 январ тамдид карда шуд. Ин тадбир ба Пекин, Тянтсзян, бархе минтақаҳои музофотҳои Анхой, Шандун, Хэнан, Хэбэй, Шанси ва Тсзянсу рабт дорад.
«Дар баъзе минтақаҳо биноӣ беш аз 200 метр ва дар бархеи дигар на кам аз 50 метрро ташкил медиҳад», — омадааст дар хабарномаи хадамоти марказии бодуҳавошиносии ҶМЧ.

Январь 4, 2017 10:48, 229 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

ХавопаймоПентагон дар бораи маҳв гардидани яке аз роҳбарони «Ал-Қоида» дар Сурия хабар дод
Pervaya-operatsiyaҚувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Россия ва Туркия бар зидди ДИ нахустин амалиёти муштарак гузарониданд
Kitaj-6Си Ҷинпин низоми нави муносибот бо ИМА ва шарикӣ бо Русияро эълон кард
BlagoveshhenskДар фурудгоҳи Благовешенск ҳавопаймои ширкати «ВИМ-Авиа» оҷилан фуруд омад
AntonioАнтонио Таяни роҳбари нави Парлумони Аврупо интихоб шуд
СукутДар натиҷаи суқути тайёра дар Бишкек беш аз 30 нафар ҳалок гардиданд
WifiБа қатораҳои Русия интернети бесим насб мегардад
КерриКерри ҳамчун котиби давлатии ИМА охирин сафари хориҷиашро анҷом медиҳад
lavrov-i-chavushogluСергей Лавров ва Мавлут Човушоғлу муҳимияти риояи низоми оташбасро дар Сурия таъкид намуданд
kabulТеъдоди қурбониёни ду ҳамлаи террористӣ дар Кобул ба 38 нафар расид
turtsiyaКушандаи сафири Россия дар Туркия ду моҳ маълумот ҷамъоварӣ кардааст
ollandОлланд барои анҷом додани мулоқот бо хизматчиёни ҳарбии Франсия ба Ироқ ташриф овард