Деваштич: Паёми Пешвои миллат илҳомбахши ҷавонони ояндасоз!

Январь 20, 2017 10:37

31761194266_6cc1e01dee_zДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соли 2017 эълон шудани соли ҷавонон ҳамоиш доир гардид.
Рустам Ҷӯразода, Раиси ноҳияи Деваштич баён дошт, ки ҷавонон аз иқдомҳои пайвастаи Сарвари мамлакат ифтихор доранд. Онҳо илму дониши ҷаҳони муосирро аз худ намуда, кӯшиш менамоянд, ки ояндасози кишвару ватани худ гарданд.
Зимни ҳамоиш ҷавонони фаъол ба сухан баромада, иброз доштанд, ки ҷавонони имрӯза бояд соҳибмаърифату ватандӯст бошанд, аз имконияту шароити имрӯза самаранок истифода бурда, кӯшиш намоянд ҳиссаи арзандаи хешро баҳри пешрафти Ватан гузоранд.

Январь 20, 2017 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд