ДМИТ бо 9 муассисааи таълимии олӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаст

Январь 20, 2017 16:38

Дониш Молия ва Иктисот (5)ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз дар донишкада 6 ҳазору 807 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона ва шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Ин нуктаро имрӯз ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) Ашурбой Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Дар соли 2016 донишкада бо 9 муассисаҳои таълимии олӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Дар доираи ҳамкории байнидонишкадавӣ 6 нафар устодони донишкада дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар дар курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо иштирок намуданд.
35 нафар донишҷўи донишкада дар доираи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён дар Донишгоҳи НАРХОЗ-и Қазоқистон, Донишгоҳи менеҷменти Алмаато, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон ва Донишгоҳи Пскови Федератсияи Россия дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура таҳсил мекунанд.

Январь 20, 2017 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд