Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дорои неруи баланди зеҳнӣ мебошад

Январь 20, 2017 10:36

Сохибкори ва Хизмат (1)ДУШАНБЕ, 20.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дорои неруи баланди зеҳнӣ буда, қариб 40 фоизи устодони он соҳиби унвонҳои илмӣ мебошанд. Ин нуктаро Диловар Қодирзода, Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт. Мавсуф гуфт: «Аз 151 нафар устодони донишкада 6 нафар доктори илм ва 53 нафар номзади илм мебошанд, ки ин барои беҳтар кардани сифати таҳсил дар донишкада шароит муҳайё месозад».
Раёсати донишкада ба сифати таълим диққати ҷиддӣ дода, гузариш аз миқдор ба сифатро ба таври шоиста амалӣ месозад. Дар ин самт зарур аст, ки назорати қатъии сифати таълим ва алоқамандии сифати таълим бо натиҷаҳои таҳсилот, баҳодиҳии сатҳи иҷрои барномаҳои таълимӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим ҷоннок карда шавад.
«Яке аз вазифаҳои дигаре, ки дар самти беҳтар намудани сифати таҳсилот бояд амалӣ гардад, ин гузариш ба таҳсилоти фосилавӣ аст. Аз соли хониши 2017-2018 дар шуъбаи ғоибона мо ба ин низом мегузарем»,-гуфт Диловар Қодирзода.

Январь 20, 2017 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд