Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ таҳти назорати доимии Вазорати рушди иқтисод ва савдо мебошад

Январь 31, 2017 15:41

DSC_1351 — копияДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ таҳти назорати доимии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҷиҳати рушди онҳо мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ин нуктаро Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Тадбирҳои амаликунанда имкон доданд, ки то имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) ҷумҳурӣ 70 ширкати ватанию хориҷӣ, аз ҷумла дар МОИ «Суғд» 27 адад, МОИ «Данғара» 26 адад МОИ «Панҷ» 15 адад ва МОИ «Ишкошим» 2 адад ҳамчун субъект ба қайд гирифта шаванд.
«Аз миқдори умумии субъектҳои бақайдгирифташуда айни замон 17 ширкат, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» 12 адад, дар МОИ «Данғара» 3 адад ва дар МОИ «Панҷ» 2 адад фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва содиротию воридотиро ба роҳ мондаанд. Ширкатҳои боқимонда ба корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизот машғул мебошанд»,-гуфт Неъматулло Ҳикматуллозода.

Январь 31, 2017 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1185 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст