И. Қосимзода: «Масъалаи ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар муассисаҳои бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳо дар мадди назари мо қарор дорад»

Январь 17, 2017 12:27

ДУШАНБЕ, 17.012017 /АМИТ Ховар/. Таҳти  роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ва муовини Раиси Кумита Зулфия Давлатзода ҷиҳати бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ оид ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ишкошим бо шаҳрвандон мулоқотҳо доир шуданд.
Идигул Қосимзода зимни мулоқот оид  ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, ки барои солҳои минбаъда дар Паёми Роҳбари давлат муайян гардидаанд, ибрози ақида намуд. Дар қатори дигар нуктаҳои Паёми Пешвои миллат таъкид гардид, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ  дастгирии занону духтарон зиёд шуда, нисбат ба ин масъала аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд.
«Масъалаи  ҷалби занон, хусусан ҷавондухтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ аз масъалаҳои муҳим буда, дар мадди назари мо қарор дорад. Барои дастгирии занону духтарон дар оянда квота ва имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд, ки ин боз ҳам рӯҳияи занону ҷавондухтаронро баланд мебардорад»,- иброз дошт Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот.

Январь 17, 2017 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд