Имрӯз дар ҷаласаи селектории Вазорати корҳои дохилӣ масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия баррасӣ гардид

Январь 31, 2017 19:03

ДУШАНБЕ, 31.01.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода  ҷаласаи селекторӣ (конференсияи видеоӣ) доир гардида, масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ, пурзӯр намудани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд.

Дар ҷаласа сардорони Академияи ВКД, Сарраёсат, Сармарказ, Сарситод, Раёсатҳо ва шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ширкат намуданд.
Ҷаласаи мазкур мустақим пахш гардида, тариқи камераҳои видеоӣ бо РВКД дар шаҳри Душанбе, РБДА, СХДО ва Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи ВКД, тариқи пахши мустақими овозӣ (аудиоӣ) бо Раёсатҳои ВКД дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт пайваст гардид ва кормандони раёсатҳои мазкур бевосита онро тамошо ва истимоъ карданд.  Рамазон Раҳимзода доир ба амалӣ намудани «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» сухан ронда, зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад.

Таъкид гардид, ки коррупсия пеши роҳи рушди ҷомеаро мегирад, танҳо дар якҷоягӣ метавон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд ва дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд.

Мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бартараф ва пешгириву ошкор намудани чунин ҷиноятҳо дар ҳамкории зич қарор дошта, то ба имрӯз дар ҳамбастагӣ чандин ҳолатҳои коррупсиониро муайяну ошкор намудаанд.

Дар ҷараёни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбиро ташвишовар арзёбӣ намуда, ба баъзе роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ задаанд, ҷазои интизомӣ татбиқ намуд.
Дар интиҳои ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва тақвият бахшидани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Январь 31, 2017 19:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст