«Истиқлол» бозии нахустини санҷишиашро дар Туркия доир намуд

Январь 20, 2017 10:20

ДУШАНБЕ, 20.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки омодагиро ба мавсими нав дар Туркия идома медиҳад, дирӯз аввалин бозии санҷишии худро бо дастаи «Интер»-и Озорбойҷон гузаронид. Тавре сомонаи расмии «Истиқлол» хабар медиҳад, ин бозӣ бо натиҷаи 2:1 ба нафъи футболбозони дастаи «Интер» ба охир расид.
Дар нимаи аввали вохӯрӣ дастаҳо ба кушодани ҳисоб муваффақ нашуданд. Капитани истиқлолиҳо Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 52-юм аз паси хуби Манучеҳр Ҷалилов ҳисобро боз кард. Баъди 4 дақиқа Мирҳусейн Саидов натиҷаро баробар кард ва Озод Пардис дар дақиқаи 77 голи охиринро дар бозӣ зада, бо натиҷаи 2:1 «Интер»-ро ба сафи пеш баровард.
«Истиқлол» вохӯрии дуюмашро дар Туркия 23 юми январ бо КФ «Кайсар»-и Қазоқистон мегузаронад.
Бозии санҷишӣ
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) — «Интер» (Боку, Озорбойҷон) 1:2
Муаллифи голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 52 (1:0), Мирҳусейн Саидов, 56 (1:1), Озод Пардис , 77 (1:2).
Ҳайати «Истиқлол» дар ин бозӣ:
Никола Стошич, Дилшод Восиев, Соҳиб Саванқулов, Дэвид Мавутор (Сиёвуш Асроров, 78), Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев (Табрези Давлатмир, 75), Фаридун Шарифов, Ромиш Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Манучеҳр Ҷалилов, Дмитрий Барков.
Огоҳӣ гирифтанд: Дилшод Восиев («Истиқлол»), Адриан Скарлатаке («Интер»).
Довари майдон: Владимир Акодис (Украина).

Январь 20, 2017 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд