Керри ҳамчун котиби давлатии ИМА охирин сафари хориҷиашро анҷом медиҳад

Январь 11, 2017 12:19, 199 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Керри

ДУШАНБЕ, 11.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷон Керри ҳамчун котиби давлатии ИМА охирин сафари хориҷиашро анҷом медиҳад. Ӯ аз ҷумла, дар ин сафар ба Ветнам, Франсия, Британияи Кабир ва Швейтсария ташриф меорад. Дар ин бора АИР «Новости» бо такя ба Департаменти давлатии ИМА хабар медиҳад.
«Керри 13 январ ба Ханой ва Хошимин ташриф оварда, масоили дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ хоҳад кард. Рӯзи дигар ӯ ба ҷанубу ғарби Ветнам сафар карда, масоили экологӣ ва идоракунии давлатиро муҳокима менамояд», — омадааст дар хабарномаи ин ниҳоди хориҷии ИМА.
Иттилоъ дода мешавад, ки котиби давлатии ИМА Ҷон Керри 15 январ ба Париж ташриф оварда, дар конфронсе, ки президенти Франсия Франсуа Олланд доир ба Шарқи Наздик баргузор мекунад, ширкат меварзад. Ҳамчунин ӯ 16 январ дар Лондон бо вазири корҳои хориҷии Британия Борис Ҷонсон мулоқот карда, Сурия ва масоили дигарро баррасӣ менамояд.
Дар иттилоияи Департаменти давлатии ИМА ҳамчунин омадааст, ки дар охир Ҷон Керри 17-18 январ барои иштирок дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ ба шаҳри Давоси Швейтсария сафар хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, котиби давлатии ИМА Ҷон Керри 20 январ якҷоя бо маъмурияти президент Барак Обама ба истеъфо мебарояд.

Январь 11, 2017 12:19, 199 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

ХавопаймоПентагон дар бораи маҳв гардидани яке аз роҳбарони «Ал-Қоида» дар Сурия хабар дод
Pervaya-operatsiyaҚувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Россия ва Туркия бар зидди ДИ нахустин амалиёти муштарак гузарониданд
Kitaj-6Си Ҷинпин низоми нави муносибот бо ИМА ва шарикӣ бо Русияро эълон кард
BlagoveshhenskДар фурудгоҳи Благовешенск ҳавопаймои ширкати «ВИМ-Авиа» оҷилан фуруд омад
AntonioАнтонио Таяни роҳбари нави Парлумони Аврупо интихоб шуд
СукутДар натиҷаи суқути тайёра дар Бишкек беш аз 30 нафар ҳалок гардиданд
WifiБа қатораҳои Русия интернети бесим насб мегардад
lavrov-i-chavushogluСергей Лавров ва Мавлут Човушоғлу муҳимияти риояи низоми оташбасро дар Сурия таъкид намуданд
kabulТеъдоди қурбониёни ду ҳамлаи террористӣ дар Кобул ба 38 нафар расид
kitaj-1Дар як зумра минтақаҳои Чин бори аввал дараҷаи сурхи бонги хатар ҷорӣ карда шуд
turtsiyaКушандаи сафири Россия дар Туркия ду моҳ маълумот ҷамъоварӣ кардааст
ollandОлланд барои анҷом додани мулоқот бо хизматчиёни ҳарбии Франсия ба Ироқ ташриф овард