Комил Мирзоалӣ: «Паёми Пешвои миллатро бояд чун роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯза истифода барем»

Январь 13, 2017 17:33

ДУШАНБЕ, 13.01.2017 /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷаласаи умумии минтақаи душанбегии Роҳи оҳани Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа нуктаҳои  Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Комил МирзоалиКомил Мирзоалӣ, сардори КВД «Роҳи оҳани  Тоҷикистон» иброз дошт, ки «Паёми  пешвои миллат роҳнамои мост. Моро имрӯз мебояд Паёмро омӯхта, ҳар як нуктаи онро дар фаъолияти худ мавриди истифода қарор диҳем».

Ҳамчунин муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров  зикр кард, ки истифодаи оби тоза барои сайёраи замин масъалаи муҳим аст. Қабул  шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои  солҳои 2018-2028 чорумин пешниҳоди Пешвои миллат аст, ки аз тарафи СММ  қабул гардидааст. Ин ифтихори мо- миллати тоҷик мебошад

Январь 13, 2017 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт