Конфронси илмӣ бахшида ба 25-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чин

Январь 4, 2017 15:38, 912 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Чин

ДУШАНБЕ, 04.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи тадқиқоти Россия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Конфронси илмӣ бахшида ба 25 солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, конфронс аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Департаменти ҳамкории байналмилалии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин бо иштироки Донишкадаи тадқиқоти Россия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Чин ташкил карда шуд.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ Директори Донишкадаи тадқиқоти Россия, Европаи Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ профессор Ли Юйтсюан ифтитоҳ кард. Дар конфронс муовини сардори Департаменти ҳамкории байналхалқии Академияи илмҳои иҷтимоӣ Ху Лэмин, Ёвари Вазири корҳои хориҷии Чин Ли Хуэйлай, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода, муовини Раиси Ҷамъияти халқии дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ Сун Тсзинву ва муовини Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Ван Кайвэн сухан гуфтанд. Ҳама баромадкунандагон аҳамияти калони таърихӣ доштани «Эъломияи муштарак оид ба барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин»-ро, ки 4 январи соли 1992 ба имзо расида буд, таъкид карданд.
Зикр шуд, ки дӯстии таърихан ташаккулёфтаи мардумони ду кишвар дастоварди нодир ба шумор меравад, ки бо он метавон ифтихор кард ва мебояд аз пайи ҳифзу афзунгардонии он шуд.
Дар конфронс коршиносони машҳури чинӣ, олимони донишкадаҳои илмиву тадқиқотии Пекин ва Шанхай, собиқ сафирони Чин дар Тоҷикистон, сафирони Беларус, Қирғизистон, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, инчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Чин иштирок доштанд. 15 маърӯза бахшида ба вазъи ҳозираи робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, шарокати стратегӣ ва натиҷаву дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин шунида шуд. Конфронс таваҷҷуҳи калонро ҷалб кард ва аз ҷониби намояндагони васоити ахбори оммаи Чин ба таври васеъ паҳн гардид.

Январь 4, 2017 15:38, 912 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

DSC_4673Иштироки С.Аслов дар чорабинии сатҳи баланд «Тағйирёбии иқлим ва Рӯзномаи рушди устувор»
ВКХИзҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон роҷеъ ба амали террористӣ дар Лондон
С. Аслов1Маросими супоридани санад оид ба тасвиби Созишномаи Париж
С. АсловМуҳокимаи «Фаъолияти афзалиятнок оид ба захираҳои об ва офатҳои табиӣ дар даҳсолаи оянда» дар шаҳри Ню-Йорк
СММ1Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш: “Паёми умумии Наврӯз ҳамбастагӣ, сулҳ, дӯстӣ, шаъну шарафи инсон ва шукуфоӣ мебошад”
Участие Глава МИДИштироки Сироҷидин Аслов дар Муколамаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба такмили фаъолияти СММ нисбат ба ҳадафҳои марбут ба об
С Аслов и Стивен 0 БарйанМулоқоти С.Аслов бо Муовини Дабири Кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона Стивен О’ Брайан
С Аслов и Антонио ГСироҷидин Аслов Дабири Кулли СММ-ро ба Тоҷикистон даъват кард
Таджикистан и ДжибутиТоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҷибути муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд
ООН МахмадаминовНамояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми занон иштирок намуд
Аслов в АсифБаррасии ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар Душанбе
вазир 9Ба имзо расидани ёддоштҳои табодулӣ байни Тоҷикистон ва Япония