Кушандаи сафири Россия дар Туркия ду моҳ маълумот ҷамъоварӣ кардааст

Январ 4, 2017 10:40

Хабарҳои мавзӯъ

turtsiya

ДУШАНБЕ, 04.01.2017. / АМИТ «Ховар»/. Корманди полис Mавлут Мерт Олтинтош, ки шоми 19 декабр дар Анқара сафири Россияро дар Туркия кушта буд, ҳанӯз аз моҳи октябр дар бораи ӯ маълумот ҷамъоварӣ кардааст. Дар ин бора агентии «ТАСС» бо такя ба агентии «Анадолу» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, коршиносон маълумоти компютери собиқ ҳамсояи Олтинтошро омӯхта, муайян намуданд, ки моҳи октябр ӯ дар бораи Андрей Карлов дар интернет борҳо маълумот ҷустааст. Аз ҷумла, наворҳоро бо иштироки сафири Россия тамошо кардааст.
Тавре иттилоъ дода будем, шоми 19 декабр дар Анқара сафири Россия дар Туркия Андрей Карлов зимни суханрониаш дар намоиши аксҳо «Россия аз нигоҳи туркҳо» кушта шуд. Кушандаи ӯ Мавлут Мерт Олтинтош дар ҷойи ҳодиса нобуд карда шуд. Вазорати корҳои хориҷии Россия ин ҳодисаро ҳамчун амали террористӣ арзёбӣ намуд ва Кумитаи тафтишотии ин кишвар аз рӯи моддаи «Амали терроризми байналмилалӣ» парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Январ 4, 2017 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

кудакони африкоБонги изтироб: ҳаёти зиёда аз 24 миллион кӯдакон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ зери хатар қарор дорад!
KadyrovРамзан Қодиров пешниҳод кард, ки шабнишинии занги охир дар мактабҳо гузаронида нашавад
PolitsiyaСардори полиси шаҳри Манчестер содир шудани амали террористиро тасдиқ кард
BezvozmezdnayaИМА аз расонидани кумаки ҳарбии бебозгашт ба Украина даст кашид
Kosmos-2Имрӯз астронавтҳои Стансияи байналхалқии кайҳонӣ барои таъмири таҷҳизот ба фазои кайҳон мебароянд
V-Sirii-vzorvali-shtab-vooruzhennoj-gruppirovki-Ahrar-ash-SHam-pogibli-40-boevikovДар Сурия ситоди гурӯҳи мусаллаҳи «Аҳрор аш-Шам» тарконда шуда, 40 нафар ҷангиён кушта шуданд
ША СММШӯрои амнияти СММ вобаста ба озмоиши навбатии ракетаи баллистикӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ ҷаласаи таъҷилӣ баргузор мекунад
Na-yuge-Livii-svyshe-140-chelovek-pogibli-v-rezultate-ataki-na-aviabazuДар қисмати ҷанубии Ливия зиёда аз 140 нафар дар натиҷаи ҳамла ба пойгоҳи ҳарбӣ кушта шуданд
багдадДар натиҷаи ду таркиш дар навоҳии атрофи Бағдод 11 нафар одамон кушта шуданд
ZHitel-Myunhena-sovershil-akt-samosozhzheniya-v-tsentre-gorodaСокини Мюнхен дар маркази шаҳр худро оташ задааст
ХавопаймоНеруҳои ҳарбии эътилофи байналмилалӣ ба мавқеи дастаҳои ҷангии пуштибони ҳукумати Сурия ҳамла намуданд
OgranichenieХадамоти назоратии Россия ба вуруди маҳсулоти ширӣ аз ҷумҳурии Беларус маҳдудият ҷорӣ намуд