М. Хидирзода: «Дар роҳи таъмини рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар тавонистем ба натиҷаҳои назаррас ноил шавем»

Январь 17, 2017 17:06

с сафаровҚӮРҒОНТЕППА, 17.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ташкилоту идораҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯриҳои гурӯҳи корӣ оид ба шарҳи бандҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ва аъзои гурӯҳ аз идораҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ силсилавохӯриҳо баргузор гардиданд.
Зимни вохӯрию суҳбатҳо андешаҳо марбут ба ҳадафҳои дар Паёми навбатии Президенти мамлакат дарҷгардида баён гардиданд. Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо ва таъсиси гурӯҳҳои корӣ ба сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ва вилояти Хатлон фаҳмонидани мазмуну муҳтавои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлат ва вазифаҳоест, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.
Муовини Раиси вилоят Махфират Хидирзода зикр кард, ки Паёми имсолаи Президент оид ба муайян сохтани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баъди ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи воридшавии он ба марҳилаи нави рушд ирсол гардида, моро ба сӯи ояндаи ободу осуда роҳнамоӣ менамояд.
«Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат дар роҳи таъмини рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мо тавонистем ба натиҷаҳои назаррас ноил шавем»,-иброз дошт М. Хидирзода.

Январь 17, 2017 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1185 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст