М. Ватанзода: «Дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия ва терроризм диққати муҳим дода шудааст»

Январь 16, 2017 14:42

ДУШАНБЕ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ширкати васеи устодону донишҷўёни донишкада мулоқоти судманд баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар он Маҳмадулло Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон сухан карда, мулоҳизаҳои хешро перомуни Паёми Пешвои миллат ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол баён доштанд.
Маҳмадулло Ватанзода иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, алалхусус, мубориза бо коррупсия, терроризм, экстремизм ва нашъамандӣ  диққати муҳим дода шудааст.
Гулбаҳор Назирӣ, вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Хуҷанд дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ сухан ронда, нақши Парлумони касбиро дар таҳия ва қабули қонунҳо мусбат арзёбӣ кард.

Январь 16, 2017 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд