Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 24, 2017 12:58

ДУШАНБЕ, 24.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 баргузор шуд.
«Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҳисоботи раиси шаҳри Кӯлоб шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ аз ҷараёни корҳои ободонӣ ва созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Кӯлоб изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба бартараф кардани баъзе камбудиҳо, аз ҷумла аз байн бурдани қонунвайронкуниҳо дар масъалаи истифода ва пардохти ҳаққи неруи барқ, таъмини гармӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии амалҳои ҷиноятӣ дар самти истифодаи замин дастуру супоришҳо доданд.
Чунин супоришҳо ҳамчунин ба роҳбарияти шаҳри Душанбе дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи раёсати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ дар пойтахтро ба масъалаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ, ба меъёрҳо мутобиқ кардани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ, беҳдошти вазъи санитарӣ, назорату танзими маъракаҳо ва расму оинҳо, баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ, аз байн бурдани мушкилот дар роҳҳои маҳаллаҳои пойтахт, сифати оби ошомиданӣ, беҳтар кардани низоми обу корез ва ғайра ҷалб намуданд.
Дар кори маҷлис масъалаҳо оид ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва «Оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2020 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои истифодаи мақсадноку сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ ва таъмини нақшаҳои даромаду хароҷот тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Аъзои Ҳукумати кишвар баъди муҳокима Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол карданд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризми дохилӣ» пешниҳод карда шуд.
Вобаста ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ» таъкид гардид, ки ин тадбир ба хотири соддагардонии низоми раводид ва ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани он амалӣ карда мешавад. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои дигари минтақа ва доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пешбурди кори консулӣ ва низоми раводид аз ҷумлаи давлатҳои пешсаф буда, бо ин мақсад дар раёсатҳои дахлдори Сарраёсати консулӣ навтарин таҷҳизоти ҷаҳонӣ дастрас карда шудааст.
Дар кори маҷлис инчунин лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023», «Дар бораи Низомномаи комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ», «Дар бораи андоза ва тартиби хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда баррасӣ гардид.
Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Турсунзода ва Нақшаи генералии шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузориши раисони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Хуросон шунида шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои дар маҷлиси навбатӣ баррасишуда ва иҷрои дигар супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба тезонидани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба масъулини вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дастуру ҳидоятҳо доданд.

 

Январь 24, 2017 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд