МД «Ҷаҳоннамо» «Дурахши истеъдод», «Иқлими ҷаҳон», «Сайёраи мо» ва «Муҳоҷират»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад

Январь 13, 2017 12:11

ДУШАНБЕ, 13.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» тасмим гирифтааст, ки чанд лоиҳаи нав, аз қабили «Даҳ далел», «Мунозира», «Дурахши истеъдод», «Набзи ҷаҳон», «Сайёраи мо», «Саҳнаи рӯз», «Сози мусиқӣ», «Чеҳраи таърих», «Иқлими ҷаҳон», «Инсон ва ҷомеа», «Набзи замон», «Дидаи бедор», «Муҳоҷират» ва «Акси рӯз»-ро таҳия ва пешниҳоди тамошобинон намояд. Ин матлабро Маҳмадсаид Шоҳиён,    раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  Маҳмадсаид Шоҳиён ҳамчунин зикр намуд, ки дар ин барномаҳо навигариҳои соҳаҳои гуногуни ҷомеа, инкишофи бахшҳои гуногуни соҳаи илм, тағйирёбии иқлими сайёра ва дигар масъалаҳои рушди ҷомеа инъикос мешаванд.
Ба иттилои роҳбарияти Кумита, дар ин давра дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба таври расмӣ дар Федератсияи Россия бунгоҳи хабарии муассиса дар ҳайати ду нафар корманди варзида таъсис ёфта, ба фаъолият оғоз кард. Соли 2016 муассиса бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи техникӣ ва савияи касбӣ муҳимтарин рӯйдодҳои ҷомеаи ҷаҳонро тавассути нашрҳои кӯтоҳмуддати иттилоотӣ манзури бинандагон гардонида, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст.
Ба андешаи раиси Кумита, дар баробари пешравиву муваффақиятҳо дар ҷараёни кори муассиса баъзе норасоиҳо мушоҳида шуданд, ки ба фаъолияти минбаъдаи бенуқсони он таъсири худро расонданд. Чунончи, пурра бо кадрҳои баландихтисоси эҷодиву техникӣ таъмин набудани муассиса, таъсис наёфтани бунгоҳҳои хабарӣ дар хориҷи кишвар, суст ҷараён гирифтани раванди навсозии парки техникии муассиса, бахусус таҷҳизоти муосири телевизионӣ, студияи сайёри телевизион (ПТС), интиқолдиҳандаи маҳсулоти аудиовизуалӣ (флайка) ва бо камераҳои ҳозиразамони наворбардорӣ муҷаҳҳаз набудани муасиса ба фаъолияти шабонарӯзии шабака таъсири манфӣ мерасонад.

Январь 13, 2017 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд