Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Пол Росс

Январь 10, 2017 12:39

ДУШАНБЕ, 10.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Пол Россро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ ба масъалаҳои гуногуни вазъи ҷаҳони муосир, аз қабили шиддатгирии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нақшаю дурнамои марбут ба рушди оянда ва кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи паст кардани шиддати таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт ва тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда низ шарикони рушди Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд бо роҳи дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию молиявӣ нақши муносиб мегузоранд.

Густариш ва рушди бемайлони ҳамкориҳо дар оянда барои ҳар ду ҷониб судбахшу боровар арзёбӣ гардида ба сатҳи шарикии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар давоми 23 соли охир баҳои баланд дода шуд.

Ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеи бештари ҳамкориҳо таъкид карда, вохӯрии имрӯзаро иқдоми муҳим дар роҳи тақвияти густурдаи шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор арзёбӣ намуданд.

32075200102_f27538984e_z 31848203690_b8aaa44c0e_z

Январь 10, 2017 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд