Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар

Январь 13, 2017 19:00, 873 хонанда
Паёми Пешвои миллат бахшида ба Иди Рамазон
13.01.2017, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Тавре ки медонед, дар кишвари мо соҳаи энергетика сол аз  сол рушд ёфта, Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ тамоми имконияту захираҳоро сафарбар намудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои охир яке аз мушкилоти асосии мардуми кишвар норасоии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мебошад, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ баъзе солҳо аз моҳи сентябр то моҳҳои март ва ҳатто апрел идома пайдо мекард.

Мо имконият надоштем, ки ҳатто пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои саноатиро пурра бо нерӯи барқ таъмин намоем.

Бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолати ногувор дар кишвар тадриҷан ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ ва даҳҳо нерӯгоҳи хурд сохта,  хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд карда шуданд.

Ба шарофати бунёди хатти интиқоли барқи 500 — киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ва таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи энергетика низоми ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд.

Танҳо соли гузашта ман аз ҳашт иншооти муҳимми энергетикии кишвар боздид намуда, дар маросими ба фаъолият оғоз кардани дастгоҳи тақсимкунандаи элегазии 500 – киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии «Норак», оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 ва оғози лоиҳаи таҷдиди  нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» иштирок намудам.

Соли гузашта навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба истифода дода шуд, ки дар самти амалӣ гардидани нақшаҳои афзалиятноки энергетикии кишвар рӯйдоди хеле муҳим ба шумор меравад.

Айни замон, бо дарназардошти фаъолияти самараноки маркази зикршуда бо иқтидори 400 мегаватт ва бо пайвастшавии иқтидорҳои иловагии энергетикӣ, инчунин, кифоя будани захираи об дар обанборҳои кишвар мо имкон пайдо кардем, ки бе ворид намудани нерӯи барқ аз хориҷа соли ҷорӣ таъминоти барқро хеле беҳтар гардонем. То имрӯз таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ дар як шабонарӯз 18 соатро ташкил медод.

Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз пагоҳ — 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд.

Бардошта шудани маҳдудият имкон медиҳад, ки ташвишу ногувориҳои зиндагии ҳамватанонамон камтар гардида, барои рушди муназзами иқтисодиёти кишвар шароити бештар пайдо шавад.

Вобаста ба ин, ман аз кулли ҳамватанони азиз ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо хоҳиш менамоям, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд, ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд.

Зеро сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар сокини кишвар буда, дар айни замон кафолат медиҳад, ки таҷҳизоту дастгоҳҳои низоми энергетикӣ ва шабакаҳои интиқоли барқ дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, фаъолияти муназзаму  боэътимоди онҳо таъмин карда шавад.

Январь 13, 2017 19:00, 873 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

33312236680_cef2b79f35_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт
АВСТРИЯ---Барқияи табрикии Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомали Рахмон ва Александр Ван дер БелленБарқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен
17545420_1395572757179573_7527709563656798746_oИфтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари кории Пешвои миллат дар вилояти Суғд
Наврузи боги Вахдат Бобочон ГафуровНаврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
33595620166_e5bafec459_zИштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»
33506493771_4a90d3408d_z (1)Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
32821266023_1455eba3d5_zОғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
33582738686_65e869b73d_zМашварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд
33578089866_042d62bac5_zШиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад”
33489196191_83f4905234_zИфтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ
33234250530_e049bf67d4_zОғози фаъолияти ҶДММ «Баракат Исфара» дар шаҳри Исфара