Неъматулло Ҳикматуллозода: «51 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардиданд»

Январь 31, 2017 15:36

ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод карда шуданд. 31 лоиҳаи он қабул гардида, 9 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳуии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 11 лоиҳа дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Дар ин бора Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Ҳамзамон аз ҷониби Вазорат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барои соли 2017 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2018-2019 муайян карда шуда, тавсияҳои методӣ ба вазорату идораҳо, корхонаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод гардиданд»,-гуфт Неъматулло Ҳикматуллозода.

Январь 31, 2017 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд