Нусратулло Давлатзода: «Ҷаримабандии ширкати мобилии «Tcell» дар доираи қонун ва ваколатҳои Кумита сурат гирифтааст»

Январь 20, 2017 16:03

Кум Андоз (1)ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода андозу ҷаримабандии ширкати мобилии «Tcell»-ро, ки зимни санҷиши нақшавӣ дар ҳаҷми зиёда аз 155 миллион сомонӣ муайян гардида буд, дар доираи қонун ва ваколатҳои Кумита арзёбӣ намуд. Ба маълумоти Нусратулло Давлатзода, дар айни замон баҳс дар мақомоти судӣ идома дорад ва баъди баромадани қарори суд мақомоти андоз метавонанд нисбат ба рӯёнидани маблағ чораҷӯӣ кунанд.
«Мутаассифона, дар соли 2016 ширкатҳои мобилии Таком (Билайн) ба маблағи 151,3 миллион сомонӣ ва МЛТ (Мегафон) тақрибан ба маблағи 155 миллион сомонӣ ҷарима карда шуданд»,- зикр намуд раиси Кумитаи андоз.
Нусратулло Давлатзода ҳамчунин иброз намуд, ки ширкати мобилии МЛТ (Мегафон) ин маблағро қисман дар давраи баҳси судӣ, қисми дигарро баъди қарори суд пурра пардохт намудааст ва ширкати мобилии Таком (Билайн) дар айни ҳол 80 фоизи ин маблағро пардохт кардааст.

Январь 20, 2017 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
Гумрукчиён дар вилояти Суғд қочоқи 2,7 тонна маводи дорувориро пешгирӣ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо ҷалби сармоя барои бунёди иншооти гидроэнергетикиро баррасӣ намуд
Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқилҳои барқӣ истеҳсол мешавад
Дар корхонаҳои саноатии Бадахшон имсол ба маблағи қариб 40 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст