Олланд барои анҷом додани мулоқот бо хизматчиёни ҳарбии Франсия ба Ироқ ташриф овард

Январь 3, 2017 16:01, 236 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

olland

ДУШАНБЕ, 03.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 2 январ президенти Франсия Франсуа Олланд барои анҷом додани мулоқот бо хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҳайати эътилофи байналмилалӣ бар зидди гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) мубориза мебаранд, ба шаҳри Бағдоди Ироқ ташриф овард. Дар ин бора агентии «Франс Пресс» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои агентӣ, президенти Франсия ҳамчунин зимни сафари худ бо шахсони воломақом музокирот анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Франсуа Олланд дар бораи азми сафараш ба Ироқ 31 декабр зимни паёми солинавӣ ба мардуми Франсия эълон дошта буд. Олланд зикр кард, ки дар соли 2017 мубориза бо терроризм барои мақомоти Франсия афзалиятнок боқӣ мемонад. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки «офати терроризм» ба охир нарасидааст.
«Маҳз ҳадафи амалиёти ҳарбии бурунмарзии мо дар Мали, Сурия ва Ироқ, ки 2 январ барои истиқболи низомиёнамон ба он ҷо сафар менамоям, аз ҳамин иборат аст», — гуфт Олланд.
Қувваҳои мусаллаҳи Франсия аз соли 2014 инҷониб дар Ироқ амалиёти «Chammal» мегузаронанд.

Январь 3, 2017 16:01, 236 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Vitalij-CHurkin-1Намояндаи доимии Россия дар назди СММ Виталий Чуркин аз олам даргузашт
Turtsiya-1Туркия Женеваро майдони асосии ҳалли буҳрони Сурия хонд
Afganstan-lavinaДар шимоли Афғонистон бар асари бориши барф ва сармо 14 нафар ба ҳалокат расиданд
Irak-MosulНеруҳои Ироқ 14 деҳаи атрофи Мосулро дар давоми як шабонарӯз озод карданд
migrant8_700Германия нақша дорад шумораи рекордии муҳоҷиронро ихроҷ намояд
SomaliШумораи қурбониёни таркиш дар бозори пойтахти Сомалӣ ба 39 нафар расид
Glava-MID-PolshiАъзои Иттиҳоди Аврупо метавонанд аз Британия ибрат гиранд
VuchichСарвазири Сербия қарор дод, ки дар интихоботи президентӣ иштирок намояд
Lavrov-i-StoltenbergЛавров бо Столтенберг дурнамои муносибатҳои Россия ва СААШ-ро баррасӣ кард
Bagdad-2Шумораи қурбониёни таркиш дар Бағдод ба 55 нафар расид
donald-trampДоналд Трамп ваъда дод, ки ҳафтаи оянда оид ба муҳоҷират фармони нав ба имзо мерасонад
London-1Дар фурудгоҳи Лондон мардеро бо гумони содир намудани амали террористӣ боздошт карданд