Пагоҳ дар варзишгоҳи марказии пойтахт бозии «Шоҳин Асмоӣ» ва «Ҳосилот» баргузор мешавад

Январь 30, 2017 15:28

ДУШАНБЕ, 30.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 31 январ дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишварамон бозии байни дастаҳои «Шоҳин Асмоӣ» (Афғонистон) ва «Ҳосилот» (Тоҷикистон) дар доираи бозиҳои плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) баргузор мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 15:30 дар назар аст.
Ба ин муносибат имрӯз дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ бо иштироки сармураббиён ва капитанҳои дастаҳои «Шоҳин Асмоӣ» ва «Ҳосилот»-и Фархор доир гардид. Сармураббии дастаи «Ҳосилот» Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев арз кард, ки давоми як моҳ футболбозони даста барои ин бозӣ омода шудаанд ва роҳбарият ҳам вазифа гузоштааст, ки ба бозиҳои гурӯҳӣ роҳхат гиранд. Аз рӯи гуфти ӯ, даста барои амалӣ кардани ин вазифа омода аст.
«Аз ҳафт легионере, ки ба даста омада буданд, бо чор нафарашон то анҷоми мавсими соли 2017 шартнома баста шуд. Рӯҳияи бозингарон болида аст. Мо дар бораи ҳарифамон -«Шоҳин Асмоӣ» маълумоти муфассал дорем ва бозиҳои онро тамошо кардем. Мубориза пуршиддат мегузарад ва мо ба он тайёрии пухта дидаем»,-гуфт Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев.
Ба саволҳои хабрнигорон капитани «Ҳосилот» Сафаралӣ Каримов ҳам ҷавоб гуфта, мухлисонро даъват кард, ки ба варзишгоҳ биёянд ва футболбозонро дастгирӣ кунанд.
Дар нишасти матбуотӣ сармураббии дастаи «Шоҳин Асмоӣ» Боир Эгамбердиеви тоҷикистонӣ, ки ин дастаро се сол ба унвони чемпиони Афғонистон расонидааст, гуфт: «Мо ҳама бозиҳои байналмилалиро дар хориҷ аз кишвар мегузаронем, аммо ният дорем, ки дар муқобили «Ҳосилот» бозии зебо нишон диҳем. Мактаби мураббии дастаи «Ҳосилот» Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев «Регар ТадАЗ»-ро борҳо чемпиони Тоҷикистон кардааст. Барои тими мо ва «Ҳосилот» бозии аввалин барои Ҷоми КФО қадами аввалин ва муҳим аст. Дар дастаи мо танҳо аз «Ҳарируд» се нафар бозингарони пешина баргаштаанд ва мо легионер надорем».
Капитани дастаи «Шоҳин Асмоӣ» Самиъуллоҳ Муҳаммадӣ қаноатмандии худро аз мухлисони футболи Афғонистон, ки дар вақти тамринҳои «Шоҳин Асмоӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъ меомаданд, баён карда, изҳор дошт, ки дар рӯзи вохӯрӣ бо «Ҳосилот» онҳо ба варзишгоҳ меоянд ва якҷоя бо мухлисоне, ки аз Афғонистон низ барои дастгирӣ хоҳанд расид, «Шоҳин Асмоӣ»-ро мухлисӣ мекунанд.
Ба ҳамин тартиб, мо пагоҳ, соати 15:30 ба вақти Душанбе аввалин бозии плей оффи Ҷоми КФО-ро бо ширкати мизбон-«Шоҳин Асмоӣ» ва «Ҳосилот»-и Фархор тамошо хоҳем кард.
Дар ин рӯз ҳамчунин «Дордой»-и Қирғизистон бо «Балкан»-и Туркманистон дар бозии плей-оффи дуюм вориди майдон мешаванд.

Январь 30, 2017 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд