Пагоҳ роҳбарони Кумитаи телевизион ва радио, «Тоҷикстандарт» ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ҳисобот медиҳанд

Январь 12, 2017 15:02

ДУШАНБЕ, 12.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 13 январи соли 2017 Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.
Роҳбарони ин ниҳодҳо дар нишастҳо аз дастовард ва камбудиҳои соҳаи худ ба хабарнигорони ВАО ҳисобот медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ соати 8-00 дар толори Кумита, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ соати 9-00 дар толори маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар», Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14-00 дар толори Агентӣ, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон соати 11-00 дар толори Донишгоҳ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соати 10:00 дар толори Донишгоҳ баргузор мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо маркази матбуоти АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.

Январь 12, 2017 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд