«Паём- роҳнамои имрӯзу фардо»- ҳамоиш дар вилояти Суғд

Январь 14, 2017 09:27

DSCF9631ХУҶАНД,  14.01.2017 /АМИТ  «Ховар»/.   Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки  беш аз 700 нафар омӯзгорони шаҳру навоҳии вилояти Суғд, хатмкардагони  курсҳои бозомӯзии филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф  таҳти унвони «Паём- роҳнамои имрӯзу фардо» ҳамоиш доир гардид.

Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода фаъолияти  соҳаи маорифи вилоятро  дар партави  нуктаҳои  Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шарҳ дод. Мавсуф гуфт, ки нишондиҳандаҳои  ба зинаи сеюми таҳсилот фарогирии хатмкунандагони синфи 9, қабули хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба мактабҳои олӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ  хурсандибахшанд.

DSCF9639Номбурда ҳамзамон аз камбудию норасоиҳои соҳа ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар қиёс ба солҳои пешин шумораи ғолибони олимпиадаҳо дар аксар шаҳру навоҳӣ кам ба чашм мерасад.

Дар ҷамъомад омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иброз доштанд, ки  аз Паёми навбатии Сарвари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар партави он содиқона адои вазифа мекунанд.

Январь 14, 2017 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1185 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст