«Паём-роҳнамои имрўзу фардо»-ҳамоиш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 18, 2017 10:31

ДУШАНБЕ, 18.01.2017 /АМИТ Ховар/. Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паём-роҳнамои имрўзу фардо» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Гадобек Маҳмудов, муовини директори КМТ зимни ҳамоиш гуфт: «Мо мардуми тоҷик бояд Паёмро сармашқи зиндагии хеш қарор дода, онро барои худ ҳамчун дастурамал истифода барем. Паёми Пешвои миллат, пеш аз ҳама, тамоми паҳлўҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро баррасӣ намуд. Бояд гўем, ки ҳар Паём дар худ навовариҳо дорад».
Салима Раҷабова, муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавриди баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа иброз намуд, ки як нуктаи асосии Паёми имсолаи Сарвари давлат боз ҳам дар бобати баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа буд.
«Сарвари давлат ба ин масъала хеле бархӯрди ҷиддӣ доранд ва солҳост, ки ин нукта дар ҳар суханронии Пешвои миллат таъкид мешавад. Воқеан бубинед, сол то сол теъдоди занон дар корҳои давлатӣ зиёд гардида истодааст. Зиёда аз 70 дарсади кормандони Китобхонаи миллиро бонувон ташкил медиҳанд ва ин боиси ифтихор аст»,- илова намуд Салима Раҷабова.

Январь 18, 2017 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд