Паёми Пешвои миллат аз ҷониби мардум хеле самимона қабул шудааст (Бардошт аз натиҷаи суҳбату вохӯриҳо  бо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов)

Январь 27, 2017 15:35

 ДУШАНБЕ, 27.01.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Гурӯҳҳои ташвиқотиву тарғиботӣ оид ба шарҳи  мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият намуданд.

Ба гурӯҳи ташвиқотӣ устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ   ва Ҳизби Халқии Демократӣ дар ноҳияи мазкур  шомил буданд.

Дар ҳақиқат аз суҳбат бо аҳолӣ аён гардид, ки мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Президенти кишвар барои сокинон фаҳмост. Онҳо аз нуктаҳои асосии Паём, ки аз зиндагии ҳаррӯзаашон гирифта шудааст, рӯҳу илҳоми тоза  гирифта, Паёмро ба сифати дурнамо ва низомномаи фаъолияти худ қарор додаанд. Аъзои гурӯҳи кории мо бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои дурдасти ноҳия, аз ҷумла дар   шаш ҷамоати ноҳияи Ҷаббор Расулов ва  деҳаҳои дурдаст, ки мардуми қирғизнишин ва ӯзбекнишин дар он ҷо зиндагӣ доранд,   Паёмро ба аҳолӣ фаҳмониданд.

Дар вохӯриҳо  доир ба ҳадафҳои муҳиму стратегии кишвар, аз ҷумла  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ ва сохтмони роҳҳо дар ҳудуди ноҳия, вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, оид ба худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва муносибати самаранок ба замин  суҳбатҳо сурат гирифтанд.  Ҳамзамон вобаста ба соҳаи тандурустӣ  ноиби Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Дилшод Солиҳов, оид ба соҳаи маориф устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Насрулло Убайдуллоев ва дар масъалаи соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, мақоми зан дар ҷомеа, пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ дар байни шаҳрвандон ва сиёсати дарҳои кушода Шералӣ Ризоён,  корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ дар ҷамоатҳо суҳбат карданд.

Зимни вохӯриҳо вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паём зикр шудаанд,  оид ба ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон,   нақши мактабу маориф, ба роҳ мондани омӯзиши Конститутсия ва ду қонуни миллӣ сухан гуфта шуд. Ҳамчунин дар мулоқотҳо оид ба як масъалаи бисёр муҳими ҷаҳони имрӯза, ки Президенти кишвар дар Паём зикр намуданд ва иштирокчиёни гурӯҳи корӣ низ  ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, яъне шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистиву террористӣ суханҳои муфиди зиёд баён шуданд.  Маълум гардид, ки мутаассифона, аз  ноҳияи Ҷаббор Расулов 26 нафар дар ҷангҳои хориҷи кишвар иштирок доранд. Барои такрор нашудани чунин ҳолат ва тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон ба сокинон маслиҳатҳои муфид пешниҳод шуданд.

Мо дар баробари шарҳу баёни нуктаҳои муҳими Паём, зимни суҳбатҳо бо мардум аз мушкилоти онҳо  огоҳӣ пайдо намуда, ҷиҳати бартараф намудани бархеи онҳо роҳбарияти ноҳияро дар ҷараён гузоштем.  Ман  ҳамчун роҳбари гурӯҳ  ба хулосае омадам, ки сиёсати имрӯзаи роҳбарияти кишвар аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бисёр самимона қабул карда шуда, дастгирӣ ёфтааст. Мардум  паи меҳнату заҳмат, ободиву шукуфоӣ ва пешрафти рӯзгори худ камар бастаанд.

Юсуф ЮСУФЗОДА,

мушовири бахши Ёрдамчии

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ

 

Январь 27, 2017 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он