Паёми Пешвои миллат умеду боварии мардумро ба ояндаи дурахшон қавитар мегардонад

Январ 16, 2017 15:22
коллечи тибби ПАЕМ

ХУҶАНД, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳ додани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии шаҳри Хуҷанд дар Коллеҷи тиббии шахр мулоқоти намояндагони сохторҳои илму дин ва сокинони маҳаллаи «Сари баландӣ» бо намояндагони ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, директори маркази зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Файзалӣ Ҳакимов ва устоди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гуландом Абилова иштирок доштанд.
Маҳмадулло Ватанзода оид ба дастовардҳои 25 соли истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои нав ва истиқлолияти энергетикӣ иброз намуд, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати аввалиндараҷа ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, алалхусус, мубориза бо коррупсия, терроризм ва эктремизм, нашъамандӣ ва сиёсати «дарҳои боз» дода шудааст.
Шариф Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат ба мақомоти олии қонунгузори мамлакат аз паёмҳои қаблӣ аз ҳар ҷиҳат тафовут дошт. Таҳлилу баррасиҳои амиқ ва зикри далелҳои мӯътамаду асосноки Президент оид ба пешрафту инкишофи муҳимтарин соҳаҳои зиндагии халқ зимни баёни Паём бори дигар умеду боварии моро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон қавитар мегардонанд.

Январ 16, 2017 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

бмтБонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад
es-pomozhet-tadzhikistanu-provesti-pensionnuyu-reformu_1Кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон
Намоиши Суратхои Навруз Саидов (1)Асо ҳам як замоне шохаи сабз будааст. Намоиши аксҳо бахшида ба Рӯзи ҳифзи муҳити зист
НоракДар Норак бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқҳои аҳолӣ семинар доир гардид
Кудакон25 май-Рўзи умумиҷаҳонии кўдакони гумгашта: бемасъулиятии волидайн омили асосии бедарак гаштани кӯдакон мешавад
IMG_0008Китобҳои арзишманди Пешвои миллат метавонанд дар ташаккули афкори ҷавонон нақши муассир гузоранд
Дар ноҳияи Дарвоз Маркази нави хизматрасонии муштариён (1)Дар ноҳияи Дарвоз Маркази нави хизматрасонии муштариён ба фаъолият оғоз намуд
Имзои лоихаи СозишномаИмзои Созишнома оид ба пешниҳоди таҷҳизот барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ
Иштирок дарҲайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун иштирок намуд
image-0-02-04-c27e9edb8993fd5bf0267b6ec15eb7d16cf9ebf199fe9a18874b6617c7e84e54-VИван Печишев ба журналистони тоҷик истифодаи дурусти сомонаҳои интернетии шабакаҳоро меомӯзонад
Хаво 7Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шудааст
курб1Вазъи қурби асъор барои имрӯз