Паёми Пешвои миллатро амалӣ месозем

Январь 14, 2017 11:54

ДУШАНБЕ, 14.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда, имрӯзҳо вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир гардида истодааст. Бо ҳамин мақсад дар Ҷамоати Далёни Болои ноҳияи Деваштич мулоқот бо аҳолӣ баргузор гардид.  Дар чорабинии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон А.Шарипов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ф.Қодиров, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров А.Мирсаидов, раиси КИН ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич К.Исмоилов ва сардори шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Деваштич Б.Абдуллоев ширкат варзиданд. Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмононро барои ширкаташон дар ноҳияи Деваштич изҳори миннатдорӣ карда аввалсуханро ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон дод.
Исмоилзода Зуфар дар баромади худ як нуқтаи асосии Паёмро таъкид дошт, ки дар натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзон дар соли 2016 рушди устувори соҳа идома ёфта, истеҳсоли ғалладонагиҳо ба якмиллиону 400 ҳазор тонна, картошка ба 890 ҳазор тонна ва сабзавот ба як миллиону 670 ҳазор тонна расонида шуд, ки ба таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ таъсири мусбат расонид. Бо вуҷуди ин, хотирнишон месозам, ки бо дарназардошти захираву иқтидорҳои кишвар барои ба маротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти соҳа ҳанӯз имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд дар доираи иҷрои барномаҳои қабулгардида ба афзоиши устувори ҳамаи намудҳои маҳсулоти соҳа аҳамияти хосса зоҳир намоянд. Зеро дар ин нишондиҳандаҳо саҳми шумо кишоварзони ноҳияи Деваштич назаррас мебошад.
Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Шарипов, Ф.Қодиров, А.Мирсаидов баромад намуда, доири нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат сухан ронданд. Хусусан дар бораи се ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъминоти озуқаворӣ ибрози ақида намуданд.

Январь 14, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд